АВҶИ КИШТИ ТАКРОРИИ КАРТОШКА


Дар вилояти Хатлон маъракаи кишти такрории картошка бо маром идома дорад. Тибқи дурнамо дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят бояд 7 ҳазору 963 гектар кишти такрории картошка гузаронида шавад. То 12 – уми августи соли ҷорӣ иҷроиш 1026 гектар амалӣ шуда, 12,9 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Тавре мудири шуъбаи растанипарварии Раёсати кишоварзӣ дар вилояти Хатлон Қутбиддин Халилов иттилоъ дод, аз ҷамъи умумии майдони кишт 3 ҳазору 852 гектар дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 4 ҳазору 111 гектар дар бахши аҳолӣ ин намуди зироат кишт карда мешавад. Дар байни шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят бахши аҳолии шаҳри Бохтар аввалин шуда дурнаморо иҷро кардааст.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки бо мақсади ба деҳқонон фаҳмонидани нозукиҳои кишти такрории картошка ҳам дар минтақаи Бохтар ва ҳам дар минтақаи Кӯлоб бо иштироки мутахассисони варзидаи соҳа семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Ба иттилои мутахассиси соҳаи кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, барои ҳосили хуб гирифтан ба интихоби тухмӣ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шавад. Ин мутахассиси варзида тавсия медиҳад, ки бояд тухмиро дар ҷойи соя бо қуму майдаҳои тахта нигоҳ дошт ва ба он ҳамарӯза каме об бояд пошид.

Агар заминро самаранок истифода барем, инчунин, дар замин тухмиҳои хушсифат кишт карда, талаботи агротехникиро риоя кунем, ҳосилнокӣ баланд мегардад ва мо метавонем, ки кишварро бо маҳсулоти худӣ таъмин кунем, - мегӯяд Ҳикматулло Назиров.

                                                       Сулаймон Султонов

Добавить комментарий