ПАНҶ. БУНЁДИ 77 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ


Бо дастгирии Кумитаи падару модарон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бунёди 77 синфхонаи иловагӣ барои 1 ҳазору 540 нафар хонанда ба нақша гирифта шудааст.

Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ Мавлуда Боймуродзода ба “САФО” иттилоъ дод, аллакай 22 синфхонаи иловагӣ барои 500 нафар хонанда сохта ба истифода дода шудааст.

Айни замон сохтмон дар 31 синфхонаи иловагӣ бо маром идома дошта, дар 24 синфхонаи иловагии дигар корҳои лоиҳакашӣ оғоз гардидаанд. Маблағи умумии сохтмони синфхонаҳои иловагӣ беш аз ду миллион сомониро дар бар мегирад.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки бо саҳми волидон бо харҷи 176 ҳазор сомонӣ муассисаҳои таълимии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

Феълан дар ноҳияи Панҷ 52 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд, ки 90 дарсади онҳо ба соли нави таҳсил омода мебошанд.

                                                         Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий