Бойгонӣ

БОИМҶОН БАРОИ ЗИМИСТОН

                                                                 Суфраи «САФО»


Маҳсулот:

Боимҷон – 1,5 кг

Сирко 9% - 70 гр

Қаланфур – 1 дона

Сирпиёз - 2 дона

Шибит - 2 бандча

Равған – 80 миллилитр

Намак – 1 қошуқ

Тарзи тайёр кардан:

Боимҷонро шакли чоркунҷа реза карда, дар оби ҷўшомада меандозем ва муддати 5 дақиқа меҷўшонем. Пас аз ҷўш омадан бо туппакашак мегирем, то ин ки обаш равад. Сипас, сирпиёз, шибит ва қаланфурро майда реза мекунем ва ба он намак, равған ва сиркоро илова мекунем. Ҳамаи маҳсулотҳоро якҷоя бо боимҷон омехта карда, ба банкаҳои тамъйизшуда меандозем. Ба болояш сарпўшҳои безараргардонишударо пўшида, дар зарфи обдор банкаҳоро мегузорем ва муддати 15 дақиқа ҷўшонда боз безарар мегардонем. Пасон гирифта сарпўшро бо асбоби махсус махкам мекунем.

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019