Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
30 июл 15:38АСОСӢ / Ахбор / Иқтисод

Соҳиб Раҷабов: ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИШИ НАҚШАИ АНДОЗ ЗАРБА ЗАД

- Паҳн шудани бемории сироятии нави коронавирус на танҳо ба саломатии инсон, балки таъсири худро ба иқтисодиёти кишвар низ расонида истодааст. Ин ҳам бошад, коҳиш ёфтани хизматрасониҳо дар ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар намуди хизматрасониҳо, фаъолият накардани аксар бозорҳо ва марказҳои калони тиҷоратӣ, коҳиш ёфтани гардиши савдои чакана, кам шудани шумораи коргарони кироя, ногувор шудани вазъи молиявии баъзе аз корхонаҳо, коҳиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ дар як қатор корхонаҳои калони саноатӣ таъсир расонидааст, - гуфт зимни нишасти хабарӣ Соҳиб Раҷабов сардори Рёсати андози вилояти Хатлон.

Бино ба иттилоъи манбаъ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 100,4% таъмин гардида, ба ҷойи 708 миллиону 817,8 ҳазор сомонии пешбинишуда, ба буҷет 711 миллиону 848,0 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба маблағҳои ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 7,0 миллион сомонӣ бештар мебошад. 

Дар ин давра дар вилоят иҷроиши нақшаи 4 намуди андозҳо, аз ҷумла андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ – 97фоиз, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 66 фоиз, низомҳои махсуси андозбандӣ 94 фоиз ва андози воситаҳои нақлиёт 75 фоиз таъмин гардиданд, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷет 26,1 миллион сомонӣ ворид нашуд.

Бо назардошти вазъияти имрўза ба паҳн шудани бемории ҳамагир муайян карда шуд, ки дар давраи 6 моҳи сипаришудаи соли равон нишондиҳандаҳои даромади умумии андозбандишаванда дар фаъолияти аксар соҳаҳои хоҷагии халқ ба маблағи 40 миллион сомонӣ кам гардиданд.

                                                         М. ШОИМОВА

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД