Бойгонӣ

ТАРБУЗИ «ЗАРНИГОР»-И ФАРХОР


Фархор яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Хатлон маҳсуб ёфта, дар заминҳои доманфарохаш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ парвариш меёбад. Аз ҳудуди ноҳияи Фархор дарёи Панҷ ҷорӣ гашта, аз кӯҳу дараҳо фуромада, оби таги тарма ва барфҳои обшудаву чашмаҳои мусаффои кӯҳистонро меоварад. Шояд ин як сабаби ҳосилнок шудани заминҳо ва хуштамъу ширин гардидани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла тарбузи фархориён бошад.

- Тарбузро зери плёнка карда, аз сардиву ҳар гуна офати дигари табиӣ ба қадре эмин нигоҳ медорӣ. Тарбуз дар зери плёнка агар нағз нигоҳубин шавад, ҳосилаш барвақттар пухта мерасад. Харидор барои бурдан худаш меояд. Барои ҳамин тарбузи Фархор тӯли се- чор сол шуд бозорҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишварро таъмин мекунад. Ҳатто ҳар сол тарбузи ноҳия ба Афғонистон ва дигар кишварҳо содирот карда мешуд. Имсол бошад бо сабаби пандемия эълон гардидан мушкилӣ пеш омадааст, ки ҳамаи ин гузарост,- мегӯяд, Боймуҳаммад Узоқов, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Зарнигор»-и Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор. Хоҷагӣ дорои 2,5 гектар замин буда, чанд сол аст, ки дар он тарбуз парвариш мекунанд. Тавре ӯ мегӯяд баъди ҷамъоварии тарбуз ҷуворимакка корида, ҳосили хуб мегирад.


Хоҷагии деҳқонии «Мулло Набӣ»-и Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор низ ба парвариши тарбуз машғул аст. Дар майдони 8 гектар замини хоҷагӣ пурра тарбуз кишт шудааст.

- Имсол ҳосил фаровон шудааст. Рӯзҳои наздик ба чидани тарбуз шурӯъ мекунад. Мушкилот каме дар содирот аст, ки сабаб маълум бемории сироятии вируси нав аст. Аммо тамъи ширини доштани тарбузи Фархор харидоронро ҷалб кардааст. Ин аст, ки мушкилот ҳал гашта, даромади хуб мебинем. Ҳидояту дастури Сарвари давлат ва муроҷиатномаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба истифодаи самараноки заминро дастури худ қарор додаем. Ягон ваҷаб заминро мо бекор намегузорем. Баъди тарбуз ҷуворимакка кориданӣ ҳастем. Ҳар сол ҳосили хуб мегирем,– қисса мекунад Ҷамшед Набиев роҳбари хоҷагии мазкур.

Истифодаи самараноки замин маданияти заминдорӣ, вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки бо пайдо шудани бемории коронавирус тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, моро водор месозад, ки ба мақсади фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ намуда, аз ҳар як ваҷаб замини корами обӣ самаранок истифода барем. Захираи ду, се солаи хӯрокаро таъмин намоем, танзими нархи маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳо аз ҳисоби маҳсулоти истеҳолнамудаи худ таъмин намоем.

                                                         Билоли ШАМС, аз ноҳияи Фархор

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019