ДАСТОВАРДИ ҚУЛФИНАЙПАРВАРОН
Тибқи таҳлилу омӯзиши олимони соҳаи кишоварзӣ беш аз панҷоҳ сол мешавад, ки сокинони ҷамоати Кирови ноҳияи Вахш дар парвариши қулфинай асосан аз навъҳои «Шапалоқ» ва «Вектория» истифода мекунанд. Чанд соли охир ба қавли худашон навъи «Российский»-ро низ мекоранду аз он самари хуб мегиранд. Аммо ба гуфтаи кишоварзон ин навъҳои қулфинай бо усули анъанавӣ нигоҳубин карда шуда, меваи он дар якчанд соат ғайри қобили истеъмол мегардад.
Бо дарназардошти вазъи мазкур дар асоси тафоҳумномаи ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо шарикони ватанию хориҷии рушд, моҳи ноябри соли 2016 бори аввал 10 ҳазор дона навъи нави кӯчати қулфинай бо номи «Фестивал» аз ширкати «California Pacific Plant Export, Inc»-и Амрико ба вилояти Хатлон ворид карда шуд. Дар ду қитъаи намоишӣ, ки ҳар кадом 0,10 гектар масоҳат доштанд, бо кумаки мутахассисони варзидаи дохилию хориҷӣ онро ба усули муосир шинониданд. Дар доираи ин барнома мутахассисони варзидаи соҳа аз ИМА ва Туркия ба қулфинайпарварони мо, тарзи шинонидани кӯчат, ғизодиҳию нигоњубини он ва ҷамъоварии ҳосилу бастабандї кардани онро омӯзониданд. Барои таҷрибаомӯзӣ якчанд нафар бонувон ба Туркия фиристода шуданд. Онҳо зимни сафари омӯзишӣ аз майдонҳои калони қулфинайпарварӣ бо таври муосир, корхонаҳои коркард ва бандубасти он барои содирот шиносоӣ пайдо карда, таҷриба андухтанд. Латофат Муродова, яке аз он бонувони қулфинайпарвар, сокини ноҳияи Вахш аст. Ӯ мегӯяд, ки навъҳои маҳаллии қулфинай хуб ҳастанд, аммо навъҳои қулфинае, ки ворид карда шудаанд аз чанд ҷиҳат бартарӣ доранд.
- Навъҳои қулфинайи амрикоӣ, масалан “Фестивал” дорои сертификат буда, ниҳолонаш устувор, муҳлати нигоҳдории мевааш зиёд, таъмаш ширину сифаташ аъло, пешпазак ва намуди зоҳириаш бозоргузар мебошад, ки инро мо дар ҳақиқат мушоҳида кардем, - афзуд Л. Муродова.
Ҳусниддин Қузибоев, ки асосгузори ин таҷриба дар Тоҷикистон аст мегӯяд, ки мақсад аз талошҳои онҳо ба роҳ мондани технологияи муосири парвариши қулфинай, боло бурдани ҳосилнокии он ва ба ин васила бештар фоида гирифтани кишоварзон буд.
- Ҳар як заминдор, дар сурати истифодаи босамари обу хок ва банақшагирии дурусти кор имкон дорад, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ҳаҷми истеҳсолотро афзуда, даромади молии худро боло бардорад, - таъкид мекунад ӯ.
Дар натиҷаи омӯзиши муҳит, обу хок, иқлим ва шуғли аҳолии ҷамоати мазкур муайян шуд, ки деҳқонон даҳҳо сол инҷониб парвариши қулфинайро дар ду мавсими сол бо усули анъанавӣ ба роҳ монда, танҳо аз навъҳои таҳҷоии қулфинай истифода мекарданд. Ин навъҳо чандон устувор набуда, дар ҳавои гарми минтақа зуд ғайриистеъмол гашта, талаф меёбанд.
Аз ин лиҳоз ташкили аввалин қитъаҳои намоишии истеҳсоли қулфинай дар ҷамоати шаҳраки Кирови ноњияи Вахш бесабаб набуд. Бо муваффақ шудани қулфинайпарварони ноҳияи Вахш барномае, ки бо дастгирии шарикони рушд амалӣ мегардид, мақсад гузошт, ки чунин қитъаҳои намоиширо дар дигар ноҳияҳои вилоят низ ташкил намояд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Соҳибкорзанони дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз кӯчатҳои истеҳсолшудаи қитъаҳои намоишӣ харидорӣ намуда, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва онро зери плёнкаҳо шинониданд. Онҳо низ бо риояи агротехникаи парвариш ва таҷрибаи ҳамкасбони қулфинайпарварашон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардиданд.
Фаровонии ҳосил буд, ки соҳибкорзанон ҳар як килограмм қулфинайи навъи амрикоиро 40-20 сомонигӣ фурӯхтанд. Дар маҷмӯъ, соҳибкорзанон аз он фоидаи хуб ба даст оварда, ба истеҳсоли минбаъдаи ин навъи мева ҳавасманд гардиданд.
31-уми октябри соли 2017 дар ҷамоати Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун қитъаи намоишии қулфинай ташкил карда шуда, 15 ҳазор кӯчати навъҳои «Фестивал», «Флорида фортуна», «Албион», «E-22» дар масоҳати 0,30 гектар шинонида шуданд. Ҳарчанд ноҳияи Ҷайҳун яке аз истеҳсолкунандагони фаъоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор равад ҳам, дар таърихи он ин аввалин таҷрибаи парвариши қулфинай буд. Барои омӯзонидани пешаи нави соҳибкорӣ, яъне истеҳсоли қулфинай бо таври муосир бо ҷалби занону духтарони хоҷагӣ агро-тренингҳо ва рӯзҳои кушоди саҳроӣ ташкил карда шуданд.
Қитъаҳои истеҳсоли қулфинай бо таври муосир дар вилояти Хатлон торафт васеътар мешавад. Таҷрибаи соҳибкорони ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён барои дигар занони кишоварз намунаи ибрат гардид. Оқилона истифода шудани обу замин, ҳосили хубу босифат ва барои тиҷорат мувофиқу сердаромад соҳибкоронро рӯҳбаланд намуд. Чунин қитъањои намоишї дар ноњияњои Кӯшониён ва Ёвон низ он солҳо ташкил ёфтаанд.
Баъд аз ин Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон, ки шарики мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар тадбиқи амалии барномаи мазкур буд, тасмим гирифт, ки ба бунёди парвардахонаҳои истеҳсоли навъҳои хушсифати кӯчати қулфинай дар худи кишвар мусоидат намояд.
Бо ҳамин мақсад дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон аввалин парвардахонањои замонавӣ барои истеҳсоли навниҳоли қулфинай бо таври муосир бунёд карда шуданд.
Дар онҳо беш аз чор ҳазор кӯчати навъҳои «Флорида фортуна», «Сенсатсия» ва «Рубиҷем», ки аз штати Калифорнияи ИМА ворид карда шуда, бо тарзу усули нав шинонида шуд.
Парвардахона бо системаи обёрии қатрагӣ ва обпошакҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, ғизодиҳии он низ тариқи ин система амалӣ мешавад. Агар гӯем, ки истеҳсоли навниҳолони қулфинай бо технологияи ба худ хос ба роҳ монда шудааст, муболиға нахоҳад шуд. Зеро он на танҳо дар вилояти Хатлон, балки дар Тоҷикистон бесобиқа унвон карда мешавад.
Ҳоло ба гуфтаи Гулноза Қурбонова, ки сарвари ин парвардахона мебошад, айни замон дар 0,5 гектар беш аз нуҳ ҳазор кӯчат дорад ва дар маҷмуъ дар масоҳати 0,70 гектар навъҳои мухталифи қулфинайро ба таври муосир парвариш мекунанд.
- То ба имрӯз аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Хуҷанд, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритуз, Дӯстӣ, Ашт ва дигар манотиқи кишвар аз кӯчатҳои парвардаи мо кишоварзону соҳибкорон харидорӣ карда, дар мавзеъҳои худ шинониданд. Чанде пеш аллакай ду ҳазор дона ба шаҳри Бохтар бурданд ва соҳибкорони вилояти Суғд дархост доранд, то ин ки онҳоро низ бо кӯчати аълосифти қулфинай таъмин намоем, - мегӯяд Гулноза Қурбонова.
Ин тарзи истеҳсоли кӯчат ба кишоварзону соҳибкорон даромади хуб медиҳад. Дар навбати худ қулфинайпарварон низ имкон пайдо карданд, ки кӯчатҳои аълосифатро бо нархи арзон харидорӣ намоянд. Зеро ба гуфтаи Ҳусниддин Қузибоев, агар як дона чунин навъҳои кӯчати қулфинай дар ИМА як доллар муодили қариб 10 сомонӣ арзиш дошта бошад, дар мо ҳоло он ба арзиши як сомонӣ фурӯхта мешавад, ки он имкон фароҳам меорад то кишоварзони мо ба навниҳолони аълосифат дастрасӣ дошта бошанд.
Аз истифодаи ин навниҳолон деҳқонон ҳосилнокии мањсулоти қулфинайро дар хоҷагиҳояшон афзуда, аз фурӯши он фоидаи бештар ба даст меорад.