КУЛЧАҚАНДИ «ШАФТОЛУ»
Суфраи «САФО»
Маҳсулот:
Орд – 3-4 истакон
Равғани маска – 60 грамм
Қаймоқ - 2 қошуқ
Шакар - 2 истакон
Хушбўйкунанда - 1 қошуқча
Тухм – 2 дона
Моддаи ковоккунанда – 1 қошуқча
Ширқиём (варёнка) – 1 қуттӣ
Чормағз - 100 грамм
Сабзӣ – 2 дона
Лаблабу – 20 дона
Тарзи омода намудан:
Тухмро бо 1 истакон шакар лат зада, ба он равғани маска, қаймоқ ва моддаи хушбўйкунанда ҳамроҳ карда, маҳсулотро ба ҳам омехта мекунем. Сипас, омехтаи орду моддаи ковоккунандаро ба ҳам якҷоя карда, хамири мулоим омода месозем. Аз хамири омодашуда зуволачаҳои майда тайёр карда, онҳоро дар тобаи ҳарораташ 180 дараҷа муддати 20-25 дақиқа пухтан лозим. Баъди аз тафдон гирифтан, болои кулчақандҳоро каме ковок карда, ба дохили онҳо ширқиём ва чормағз меандозем. Баъдан, ҳар ду кулчақанди болои ҳам гузоштаи мо шабеҳи як шафтолу мегардад.
Сабзӣ ва лаблабуро аз турбтарошак гузаронида, шарбаташро дар алоҳидагӣ ба пиёлачаҳо мегирем. Як истакон шакарро дар лаълича гирифта, назди шарбати омодашуда мегузорем. Ба болои як қисми кулчақандҳо шарбати сабзӣ ва ба қисми дигари онҳо шарбати лаблабу молида, аз болои онҳо шакар мепошем. Кулчақанди «Шафтолу» омода шуд!