Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶӮШУ ХУРӮШИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ЧОРБОҒ

Дар маҳаллаи навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон, корҳои сохтмонӣ дар манзилҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида бо дилгармӣ идома дорад.
Ба иттилои сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Муродҷон Муҳиддинов, то 1 – уми июли соли ҷорӣ корҳои ҷобаҷокунӣ ва ҳамворкунӣ, кандани ҳандақҳо, рехтани таҳкурсиҳо сад дар сад ба охир расида, девори 62 хона аллакай бардошта шадааст. Ҳамчунин боми чор хона пурра пӯшида шуда, болопӯши 53 хонаи дигар бо маром идома дорад. Ба гуфти манбаъ дару тирезаҳои наздики 20 хона насб гардида, дар як хонаи дигар корҳои андовакунӣ ба охир расидааст.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ҳамарӯза зиёда аз 500 нафар ихтиёриён ба кӯмаки сокинони ин мавзеъ пайваста, бо хӯроки нисфирӯзӣ ва шом таъминанд. Ба хотири сиҳатии сокинон дар ин мавзеъ бунгоҳи тиббӣ ташкил шуда, мардум ба хизмати босифати шабонарӯзии тиббӣ таъминанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57


