Сешанбе, 6 Май 2025
Бойгонӣ
Май 2025 (16)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ


Ҳамдиёрони гиромӣ!

Фарорасии ҷашни Ваҳдати миллиро, ки барои мардуми Тоҷикистони маҳбуб дар баробари Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумлаи муқаддастарин дастовард ва арзиши миллию давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, самимона шодбош гуфта, орзуманди рӯзгори ободу осуда, файзу баракат дар ҳар як хонадон ва сулҳу суботи пойдор дар саросари мамлакати азизамон ҳастам.

Дар тӯли таърих халқу ватани азизи мо борҳо ба номеҳрубониҳои таърих рӯ ба рӯ омада, вале бо ҷасорату шуҷоат, донишу корнамоиҳои хеш эҳёву устувор шудааст. Миллати қавирӯҳи мо дар охири асри ХХ ва ибтидои асри нав бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ парчами Ватани азизамонро дар олам партавафшон намуд.

Дар ибтидои марҳилаи соҳибистиқлолӣ душманону бадхоҳони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба сар задани ҷанги таҳмилии дохилӣ сабаб шуданд, ки дар натиҷа даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ба ҳалокат расида, модарону бонувон бесаробон ва кӯдакон ятим монданд, зиёда аз як миллион нафар гуреза шуданд, хонаҳои мардум, иншоотҳои таъиноти гуногун ба коми оташ рафтанд, ба иқтисодиёти мамлакат миллиардҳо сомонӣ хисорот ворид гардид.

Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сулҳро бо мухолифини мусаллаҳ ба хотири қатъи хунрезиҳои даҳшатнок, ҳифзи ягонагии миллат ва нигоҳ доштани якпорчагии давлатамон оғоз намуда, дар раванди музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз чил моҳ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон идома доштанд, чил санади муҳим ба имзо расид. Бо саъю талоши бевоситаи Пешвои миллат баъди мухолифати мусаллаҳонаи беш аз панҷсола 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо шуд. Дар кишвар марҳилаи барқарорсозии оқибатҳои ҷанг шурӯъ гардида, дар муддати кутоҳ беш аз як миллион нафар ҳамватанони иҷборан тарки диёрнамуда дубора ба маҳалли зисташон баргардонида шуданд.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард”.

Бо ифтихору қаноатмандӣ зикр бояд кард, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид.

Дар ин раванд таҳкурсии гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад. Бо вуҷуди мушкилоти замони гузариш аз як сохт ба сохти дигари давлатдорӣ, ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар ҳолати хуби рушд қарор дошта, пайванди ҷомеа ба ҷаҳони мутамаддини муосир, ки асос ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.

Пешвои миллат бо ташаббусу ибтикороти наҷиби ҳамарӯзаи хеш, суханони таъсирбахш ва рафтори намунавиаш тавонист, ки бо рақибони сиёсии Ватан дар атрофи мизи сулҳу ваҳдат нишаста, баҳри пойдории ваҳдати комил заминаи воқеӣ гузорад.

Ҳамин буд, ки ба аҳли ватан поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтироми хотираи гузаштагон, меҳнатдӯстӣ ва худогоҳиро талқин намуда, бо хислатҳои шоистаи худ роҳи пешрафти мардумро дар ҷодаҳои тираву тори мушкилгузари таърихӣ мунаввар сохт. Халқи азизи кишвар аз нахустин рӯзҳое, ки Ҷаноби Олӣ инони давлатсозиро ба дӯш гирифт, дар ҷодаи ваҳдатофарӣ бо Роҳбари давлат ҳамсафар шуда, ба корнома ва таърихсозии Пешвои муаззами миллат бо дили пур боварӣ доштанд. Ана ҳамин эътимоду эҳтиром ба Пешвои миллат моро ба ин рӯзҳои неку шоиста расонд.

Имрӯз мактаби сулҳофарии Пешвои миллат ҳамчун таҷрибаи пешқадами сулҳофарӣ дар саросари ҷаҳон миёни сиёсатмадорону ҷомеашиносон мавриди омӯзиш қарор дошта, мамлакатҳои ноамназ он ҳамчун дастури амал истифода мебаранд, ки боиси ифтихору сарбаландии мост.

Имсол Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шароите ҷашн гирифта мешавад, ки давлати мо, чун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо пандемияи коронавируси нав мубориза мебарад. Раванди татбиқи чораҳои зиддиэпидемиявӣ дар мамлакат нишон дод, ки мардуми неруманди Тоҷикистон, чун ҳамеша, дар рӯ ба рӯи мушкилоту сахтӣ бо ваҳдату дастиҳамгирӣ, таҳаммулпазирӣ ва сарҷамъӣ истодагарӣ мекунанд, аҳлона заҳмат мекашанд ва яқинан, ин имтиҳони навбатии таърихро низ бо сарбаландӣ пушти сар хоҳанд кард.

Тавре ки Пешвои муаззами миллат ҳидоят мекунанд, имрӯз тамоми шаҳрвандони огоҳу солимфикри мамлакат вазифадоранд, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибватаниро ба ҷо оварда, ҳар як иқдоми ободгаронаву созандаи худро ба номи Ватан ва миллат, ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории навинамон ва таҳкими нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ анҷом диҳанд.

Дар ин раванди неку созанда ба кулли мардуми сарбаланди вилояти Хатлон ва кулли Тоҷикистони азиз саломатӣ ва барори кор, ба ҳар хонадони кишвар зиндагии хушу хуррам, ба Ватани азизамон ваҳдати поянда ва рушди устуворро орзумандам.

Ҷовидону пойдор бод, Ваҳдати миллӣ!

Ҷашни Ваҳдати миллӣ фархунда бод, ҳамдиёрони азиз!

Раис Қурбон Ҳакимзода

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019