ШАМСУЛЛО ОЛИМЗОДА: Дар Хатлон сироят аз коронавирус коҳиш меёбад.
ДАР МАВЗӮИ РӮЗ.
«Имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи тоҷик қарор дошта, ҳатто ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд».
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи таҳлилҳои кормандони соҳаи тандурустӣ, дар ҳудуди вилояти Хатлон шиддати коронавирус нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар паст гардида, бистарикунонӣ дар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо камтар ба қайд гирифта шуда истодааст. То ин вақт наздик ба чор ҳазор нафар бо бемории илтиҳоби шуш ва бемориҳои сироятӣ табобат гирифта, камобеш 180 нафари дигар таҳти назорати табибон қарор доранд.
"САФО" аввалин шуда, вобаста ба ин мавзӯъ ва ҳамзамон шароити нигоҳдорӣ ва табобати беморон бо сардухтури навтаъйини Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов Шамсулло Олимзода суҳбате орост, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

– Дар беморхона имрӯзҳо барои табобати муроҷиаткунандаҳо тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Дар шуъбаи сироятии беморхона ва шуъбаи наҷот 112 кат омода мебошад, ки ҳамагӣ бо хати оксиген таъмин мебошанд. Инчунин, дар ин шуъбаҳо шаш дастгоҳи оксигенератори сунъӣ фаъолият намуда истодааст. Шуъбаи эҳёгарӣ ҳам бо ҳашт дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ва ду оксигенератори калонҳаҷм, ки ҳар кадомашон дар як вақт ба 16 бемор оксиген расонида метавонад, таъмин мебошанд. Дар маҷмӯъ дар беморхона, ки муваққатан ба дармонгоҳи бемориҳои сироятӣ табдил дода шудааст, зиёда аз 600 кат омода гардидааст.
Боиси қайд аст, ки беморхона бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо дурувориҳо таъмин мебошад. Табибони беморхона имрӯз аз дастгирии шахсони саховатпеша, хайрхоҳ, ки дар ҳаққи беморон ғамхорӣ карда, онҳоро бо маводҳои хӯрокворӣ таъмин намуда истодаанд, қаноатманд ҳастанд.
Дар анбори беморхона тамоми маводҳои доруворӣ, сару либоси муҳофизатӣ, маводҳои антисептикӣ ва безараргардонӣ захира карда шудаанд.
Бо дастури вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат тамоми табибони беморхона ба кор ҷалб шудаанд. Аз сабаби оне, ки 40 фисади беморони ба беморхона овардашаванда бемориҳои диабети қанду фишорбаландӣ ва қалб доранд, шурӯъ аз 18-уми май ба ҳайати бригадаҳои табибон духтурони эндокринолог, қалбшинос, асабшинос ва амрози даруна ворид карда шуданд.
Дар ошхонаи беморхона ба тамоми беморон ва 60 табибу дигар кормандони тиб, ки шабонарӯзӣ баҳри табобати беморон кор карда истодаанд, дар маҷмӯъ 110 нафар ҳамарӯза бо хӯроки гарм таъмин шуда истодаанд.
То ин муддат 255 бемори дорои илтиҳоби шуш бистарӣ шуда, аз ин шумора 215 нафарашон шифо ёфта ба хона рухсат шуданд. Айни замон 21 нафари дигар табобат гирифта истодаанд.
Хушбахтона, шумораи бистаришавандаҳо хеле коҳиш ёфтааст. Масалан, пештар то 18 нафар дар як рӯз бистарӣ мешуд. Имрӯзҳо то 4-6 нафар бистарӣ мешаванд, ки ин нишонаи поёнравии шиддати беморӣ мебошад.
Масъулини Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар тамоми неру ва малакаи хешро баҳри солимии ҷомеа равона намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳама якҷо мушкилоти имрӯзаро бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам ва сарҷамъу аҳлона сипарӣ намоянд. Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар яке аз баромадашон гуфтаанд: “Зиндагӣ мубориза аст ва дар ин мубориза касе дастболо мешавад, ки ақлу заковати худро ба кор мебарад”.
Суҳбаторо Сулаймон СУЛТОНОВ