ВОХӮРИИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ БО ДОНИШҶӮЁН

   Нахуст директори муассисаи давлатии коллеҷи махсус-гардонидашудаи шаҳри Бохтар ҳадафи ин вохӯриро ба донишҷӯён шарҳ дода, аҳли ҷамъомадро бо 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, изҳори бовари намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва донишҳои сиёсии наврасону ҷавонон мусоидат хоҳад кард. 

     Сипас Тӯтихон Назарова ва Аҳмадҷон Ализода - собиқадорони меҳнат ва дигар баромадкунандагон оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллат, бахусус Президенти мамлакат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи барқарор намудани сулҳу ваҳдат, баҳам овардани қавми парешонгашта, таъмини истиқлолияти комили давлат андешаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки ба даст овардани истиқлолияти комили Ватан орзуи ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд, ки бо талошу ҷонбозиҳои зиёд  имрӯз насиби мо гаштааст. Истиқлолият ҷавҳари асосии ҳастии миллат, пурарзиштарин, волотарин неъмат маҳсуб меёбад ва ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳо қарзи  ҷониву имонии  ҳар фарди бонангу номуси Ватан дониста мешавад.

      Инчунин дар ҷараёни вохӯрӣ шоирони муваффақу шинохтаи давр Амиршои Хатлонӣ ва  Усмон Билолӣ аз эҷодиёти худ пораҳои шеърӣ дар мавзуи сулҳ, ваҳдату истиқлолият қироат намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки ҳамеша дӯстдори Ватан бошанд, арзишҳои олӣ, Истиқлолият, сулҳу ваҳдати комили ватанро қадр намоянд.  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намуда, баҳри ободии Ватани азиз талош  варзанд. 

“САФО”
Добавить комментарий