Бойгонӣ

БОХТАР. ОБОДОНӢ- КОРИ ҲАМА!

Имрӯз, 19 май, беш аз 200 нафар кормандони соҳаи маориф шаҳри Бохтар ба шанбегӣ баромада, дар хиёбони Ваҳдат ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ машғул шуданд.

Тавре мудири шуъбаи маориф мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давалтии шаҳри Бохтар Қурбонбӣ Забирзода ба «Сафо» иттилоъ дод, аҳли маорифи шаҳр ҳарчанд дар рухсатӣ бошанд ҳам, рӯзи сеюм аст, ки ба шанбегӣ баромада, дар тозаву озода кардани шаҳри азизамон ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд. 

 - Ба ғайри заминҳои ба муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ вобасташуда, имрӯзбеш аз 200 нафар омӯзгорону мураббияҳо ба ҳашар баромада маҷмааи Ваҳдатро аз алафҳои бегона ба пуррагӣ тоза намуданд.  Ҳамаи талошҳои мо танҳо ба хотири ободии Ватан, сарсабзу зебо гардидани шаҳри азизамон мебошад, - илова карда Забирзода.

Кормандони соҳаи маориф беш аз 2 га заминро аз алафзор пурра тоза намуда, ҳамчунин корҳои нарм кардани замин ва сафеду рангубор кардани атрофи дарахтонро низ анҷом доданд.

                                                                                            А. ФАЙЗАЛӢ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019