Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАСТГИРИИ ТАБИБОНИ ВИЛОЯТ
Аз ҷониби соҳибмулкони бозори калонтарини шаҳри Бохтар – «Ҳоҷӣ Шариф» ва хонаводаи соҳибкорон Соҳибовҳо маводи озуқа, аз ҷумла орду равғану биринҷ ва ғайра, ба 130 оилаи табибон дар Кӯлоб, 185 табиби Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бурӣ Воҳидов, 60 оила дар ноҳияи Данғара, 60 хонавода дар ноҳияи Кӯшониён, 30 оила дар ноҳияи Вахш дастрас гардид.
Бояд гуфт, ки оилаи Соҳибовҳо ҳанӯз аз давраи ба ватан баргаштани ҳамватанони мо аз кишварҳои хориҷӣ ба кумаки табибон иқдом карда буданд. Вақте беш аз 300 нафар шаҳрвандони мо аз Маскав тариқи фурудгоҳи байналминалии Кӯлоб ба ватан баргаштанду онҳоро дар беморхонаи клиникии вилояти ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар таҳти карантин қарор доданд, оилаи Соҳибовҳо давоми 21 рӯз таъмини се вақт хӯроки онҳоро якҷоя бо 100 табиби дигар ба уҳдаи худ гирифтанд.
Ин оила дар баробари таъмини се вақт хӯроки гарм барои муҳоҷирони таҳти карантин қарор дошта, либосҳои тагпуш, маводҳои гигиенаи шахсӣ, уребча барои кӯдакон, косаю қошуқ, маводҳои антисептикӣ ва дигар лавозимоти заруриро дастрас карда буданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳбарияти бозори «Ҳоҷӣ Шариф» барои расонидани кумак ба 465 оилаи табибони вилоят изҳори миннатдорӣ намуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


