ОМӮЗГОРОНИ БОХТАР ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ПЕШСАФАНД

Имрӯз, 13.05.2019 омӯзгорони ҷавони шаҳри Бохтар дар кучаҳои шаҳр корҳои оммафаҳмонӣ ва тарғиби роҳҳои пешгирии паҳншавии коронавирус доир намуданд. Дар ин бора мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Қурбонбӣ Забирзода ба «Сафо» хабар дод.


Манбаъ зикр намуд, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва дастгирии ташкилоти ибтидоии “Роҳнамо” аз ҳисоби омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар як гурӯҳи калони таблиғотӣ таъсис дода шуд, ки миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.


- Ин маротибаи аввал нест, ки омӯзгорони шаҳр барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи талаботи гигиенаи шахсӣ ва пешгирии бемории коронавирус хона ба хона гашта корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Навбати аввал чанд ҳафта пеш дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр аз рӯи усули  «хонабахона» омӯзгорон миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд. Ин навбат КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо ташаббус ба мо муроҷиат намуд, мо муроҷиати онҳоро хуш пазируфта, ба хотири солим нигоҳ доштани мардум, алалхусус шогирдони муассисаҳои таълимӣ, ки феълан дар таътил қарор доранд, боз миёни мардум рафтем ва бо онҳо корҳои оммафаҳмонӣ гузаронидем, - хулоса кард Қ. Забирзода.


Бояд гуфт, ки гуруҳҳои таблиғотӣ дар маркази шаҳр, маҳаллаҳои “Садриддин Айнӣ”, “Нурулло Ҳувайдуллоев”, “Ҷалолиддини Балхӣ” ва “Истиқлол” беш аз 300 адад ниқобҳои тиббӣ, 800 адад маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус ва мақсаднок истифода бурдани заминҳои корам тақсим намуданд.

                                                                                              А. Файзалӣ

Добавить комментарий