МАЙДОНИ КИШТИ ПИЁЗ МЕАФЗОЯД

Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи болозикр Пирназар Нуров, аллакай ҷамъоварии пиёз оғоз гардида, то ин ҷониб 23 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудааст, ки 3 ҳазор тоннааш ба хориҷи кишвар аз ҷумла, ба Афғонистон содирот шудааст. Кишоварзон азм доранд 141 ҳазор тонна ҳосил ба даст биёранд.
Ӯ афзуд, ки соли гузашта дар ноҳияи Ҷайҳун дар майдони 2 ҳазору 596 гектар ин навъи зироат кишт шуда буд, ки дар натиҷа беш аз 90 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуд.