КОРҲОИ ТАМИЗГАРДОНӢ ДАР БОХТАР
Дар шаҳри Бохтар бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ сохторҳои соҳаи тандурустӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳо дар биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ, гулгашту хиёбон, маҳаллаю кӯчаҳо, муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ корҳои безараргардониро амалӣ намуда истодаанд.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят дар ин самт фаъолияти назаррас дошта, дар баробари анҷом додани тадбирҳои безараргардонӣ ҳамчунин миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.
Корҳои тамизгардонӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ гузаронида шуд.
Тавре аён гардид, дар назди факултаи техникӣ ва технологии донишгоҳи мазкур коргоҳи омӯзиши дӯзандагӣ фаъолият мекунад, ки дар он имрӯзҳо донишҷӯдухтарон ба омода намудани ниқобҳои муҳофизатӣ машғул ҳастанд.
Чунин корҳои безараргардонӣ бо иштироки кормандони Сарраёсати Хадамоти назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон, шуъбаи тамизгардонӣ, маркази бемориҳои тропикӣ ва дигар сохторҳои соҳа гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфтааст, ки ҳамарӯза тадбирҳои пешгирикунандаро дар мавзеъҳои ҷамъиятию аҳолинишин пеш мебаранд.
Амонулло БАХТИЁРЗОДА