22 апр 08:17АСОСӢ / Ахбор / Маориф

ОЗМУНИ КИТОБХОНҲО ДАР ДОНИШГОҲИ БОХТАР

     Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки дар он доираи васеи донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Зимни ин ҳамоиши фарҳангӣ гуфта шуд, ки озмуни адабии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» боз ҳам яке аз намунаҳои беҳтарини ташаббуси Сарвари давлат дар самти маънавиёти халқ буда, барои тарбияи ахлоқии насли наврасу ҷавон ва баланд бардоштани илму маърифати хурду бузурги мамлакат хеле муҳим ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз ташкили чунин маҳфилҳои пурғановат   дар муассисаҳои таълимию фарҳангӣ амри зарурӣ буда, ба ахлоқу афкори ҷавонону калонсолон таъсири мусбӣ мерасонад. 

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи ин тадбири адабӣ роҳбарияти донишгоҳ иштирок намуда, донишҷӯёнро даъват намуд, ки дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намоянд. Зеро дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ҳамаи шароиту имконот барои донишомӯзии донишҷӯён муҳайё буда, омӯзгорон низ омода ҳастанд, ки бо довталабони озмун дар алоҳидагӣ кор баранд.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиши фарҳангӣ аз ҷониби маъмурияти донишгоҳ тартиби баргузории озмун дар муассиса, пешбарии довталабон барои иштирок дар озмун фаҳмонида шуда, ҳайати комиссияи дохилимуассисавии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” муайян карда шуд. 

Зикр гардид, ки имсол омӯзгорони ботаҷрибаю кордида, номзадони илм, докторону профессорон аз ҳар як факултаи донишгоҳ муваззаф гардидаанд, ки донишҷӯёнро ба даврҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмун омода намуда, шумораи иштирокчиёнро аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бештар таъмин созанд. 

Ҳамин тавр довлалабони озмун аз ҳамаи факултаҳои донишгоҳ дар даври аввал иштирок намуда, аз рӯи номинатсияҳои гуногун дар назди комиссияи озмун баромад карданд. Онҳо аз осори адибони адабиёти классику муосир ва ҷаҳон шеъру ғазал, рубоию таронаҳо қироат намуда, мазмун ва мундариҷаи достону ҳикоя ва повесту романҳои нависандагонро баён доштанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар назди факултаи филологияи тоҷики  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфилҳои адабӣ фаъолият мекунанд, ки дар он адабиётшиносону аҳли илму адаб ва донишҷӯёну навқаламон иштирок намуда, оид ба осори пурғановати шоирону нависандагон миёни ҳам табодули афкор мекунанд.


М. Амонҷон
Добавить комментарий