ВАХШ. 6,5 ТОННА ҚУЛФИНАЙ ҶАМЪОВАРӢ ШУД

     Деҳқонони соҳибтаҷрибаи ноҳияи Вахш ба ҷамъоварии қулфинай шуруъ карда, то имрӯз аллакай 6,5 тонна ҳосили хушсифатро ба бозорҳои маркази вилоят ва берун аз он бароварданд.

Ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи болозикр Сафаралӣ Ҳалимзода, соли ҷорӣ дар майдони 385 гектар ин навъи зироат кишт шудааст, ки деҳқонон ҳосили зиёди онро интизоранд. Ӯ афзуд, ки дар ҷамоати деҳоти “Киров” 370 гектар ва дар ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ” 15 гектар қулфинай кишт шудааст, ки ҳамасола майдони он зиёд карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар ноҳияи Вахш дар майдони 300 гектар кишти ин зироати барои бунияи инсон муфид кишт шуда буд, ки миқдори хеле зиёди он ба хориҷи кишвар содирот гардид.     

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки баъди ба бозор баровардани қулфинай аз ноҳияи Вахш, нархи ин навъи маҳсулот ба таври чашмрас коҳиш ёфт. 


Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий