БУНЁДИ КАЛОНТАРИН КОРХОНАИ СЕМЕНТ ДАР КӮШОНИЁН

   Дар ноҳияи Кӯшониён бунёди калонтарин корхонаи истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре раиси ноҳия Вализода Икромиддин иттилоъ дод,  бунёди ин корхона дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорони олмонӣ сохта мешавад. 

Номбурда афзуд, ки иқтидори истеҳсоли он 5 миллион тонна сементро дар як сол ташкил медиҳад. Ин аввалин корхонае мебошад, ки баъди сохта шуданаш аввалин маротиба истеҳсоли сементи навъи 700 - ро ба роҳ мемонад. Дар заминаи ин корхона ҳамчунин сохтмони корхонаи истихроҷи хок, истеҳсоли хишт, гаҷхишт ва болопӯши бомҳо низ ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон масъалаи ҷудо гардидани замин барои сохтмон дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад. 

Гуфта шуд, ки баъди бунёд шудани ин корхонаи бузурги саноатӣ беш аз 5 ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.


  Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий