Бойгонӣ
17 мар 09:56АСОСӢ / Ахбор / Варзиш

ДАВИ НАВРӮЗӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР БОХТАР

  Субҳи барвақт дӯстодорони варзиш, наврасону ҷавонон, калонсолону бонувон, велосипедронон, кормандони ташкилоту муасиссаҳо ва доираи васеи сокинон барои иштирок дар Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ дар назди майдони Парчами давлатии шаҳри Бохтар ҷамъ омаданд.

Нахуст намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ба сухан баромада, зикр доштанд, иқдоми мазкур бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва оммавияти он миёни аҳолӣ роҳандозӣ гардидааст.

Аввал велосипедронон дар сафи пеш истода, аз назди майдони шоҳ Исмоили Сомонӣ ба воситаи кӯчаи марказии шаҳр ба масофаи 3 киллометр то терминали мусофиркашонии шаҳр миёни ҳам сабқат намуданд. Бояд гуфт, ки велосипедронӣ яке аз намудҳои маъмули варзиш дар тамоми кишварҳои олам ба шумор рафта, дар Тоҷикистон ҳам дӯстодоронаш зиёд гашта истодааст. 

Тавре мушоҳида гардид, хурду бузург бо шавқу рағбат роҳ рӯи марра гирифта, кӯшиш намуданд, ки ғолиби ин ин чорабинии варзишӣ гарданд. 

Сипас, шумораи зиёди қудакону наврасон, ҷавонону калонсолон ва занону бонувон дар Дави наврӯзӣ ширкат варзиданд. Чун давидан беҳтарин василаи тарзи ҳаёти солим буда, ба тану рӯҳи кас ҳаловат мебахшад. 

     Дар дав ва марафони велосипедронӣ, ки бахшида ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз доир карда шуд, як чанд нафар ширкаткунандагони фаъол, ки аз аввалинҳо шуда ба марра расиданд, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.


Т. ТОЛИБЗОДА
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019