Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СОЗМОНИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ КОРОНАВИРУСРО ДАР ҶАҲОН ПАНДЕМИЯ ЭЪЛОН КАРД
«Пандемия сухане нест, ки онро бе андеша ё бепарво истифода баранд. Ин вожаест, ки дар сурати истифодаи нодуруст тарсу ҳароси беасос ё худ эътирофи бемояро дар бораи он, ки мубориза анҷом пазируфт ва акнун ин метавонад ба дарду алам ва марг расонад, дар тафаккури одам ба вуҷуд меорад», - изҳор намуд роҳбари СУТ Теодор Гебрейесус дар брифинги анъанавии матбуотӣ.
Пандемия - ин паҳншавии бемории нав дар миқёси ҷаҳон аст. Одатан, пандемия гуфта, бемориеро дар назар доранд, ки он хусусияти оммавӣ дошта, қисми зиёди аҳолиро гирифтор месозад. Қаблан хурӯҷи вабо ва тоун низ чун пандемия эътироф гардида буданд.
Ба қавли роҳбари СУТ, ояндаи наздик беморӣ боз ҳам шиддат ёфта, сабаби марги одамон дар кишварҳои зиёд мегардад. Айни ҳол беморӣ дар 109 кишвар ба қайд гирифта шудааст.
СУТ шарҳ дод, ки тавсифи вазъ ҳамчун пандемия на арзёбии таҳдиди вирус ва на муқовимат алайҳи онро тағйир намедиҳад.
Тибқи маълумоти охир, дар тамоми ҷаҳон коронавируси намуди нав дар зиёда аз 121 ҳазор нафар одамон ба қайд гирифта шуда, беш аз 4 ҳазор бемор ҳалок гаштаанд. Дар Россия 31 ҳолати сироят бо COVID-19 тасдиқ шудааст. Аксари сироятшудагон онҳоеанд, ки қаблан аз Италия омада буданд, аз ин сабаб, Россия барои додани раводид ба шаҳрвандони ин кишвар маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ намудааст.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!