Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА РОҲҲОИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ
Дирӯз 12 марти соли ҷорӣ, дар мавзеи «Саламсой»-и Ҷамоати деҳоти “Меҳвар”-и ноҳияи Панҷ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, вазири кишоварзӣ Салимзода Амонулло ва олимону мутахассисони соҳа семинар-машварати вилоятӣ оид ба роҳҳои мубориза бар зидди малах баргузор гардид. Чуноне, ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар семинар-машварат муовини раиси вилоят, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, кишоварзон иштирок намуданд.
Сараввал, иштирокдорони семинар бо ҳамроҳии муовини Сарвазири мамлакат, раиси вилояти Хатлон, вазири кишоварзӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар фаъолон аз майдони мушоҳидавии малах дидан намуданд. Малах дар аввали моҳи март аз тухм баромада, дар ҳолати рушдёбӣ қарор доранд.
Ба ҳозирин иттилоъ дода шуд, ки тибқи таҳлилу мушоҳидаҳои мутахассисони соҳа, дар доманакӯҳҳо ва талу теппаҳои мавзеи Саламсой дар масоҳати 50 гектар паҳншавии малах муайян гардида, то имрӯз 35 гектари он коркард карда шудааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба иштирок-дорони семинар таъкид намуд, ки вақти несту нобудкунии малах аз ҳозир бояд коркард карда шавад. Дар ин майдони мушоҳидавӣ тариқи амалӣ нишон додани усулҳои муборизаи зидди малах (механикӣ, агротехникӣ, химиявӣ, биологӣ), омода намудани маҳлулҳо ва истифодаи дурусти заҳрдоруҳо аз тарафи мутахассисон фаҳмонида шуда, айни замон ба несту нобуд кардани малах бо таҷхизотҳои дорупошии дастӣ оғоз намудаанд. Сипас, раиси вилоят ҳамроҳи меҳмонон аз техникаю таҷҳизот ва маводи доруворӣ дидан карда, иброз гардид, ки барои бартараф ва безарар кардани малах имрӯз техникаю таҷҳизот ва маводи доруворӣ пурра таъмин буда, мутахассисон саргарми кор мебошанд.
Муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни баромадаш қайд дошт, ки таъминкунандаи мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ вилояти Хатлон мебошад, аз ин рӯ, бояд дастаҷамъона кӯшиш намоем, ки заминҳои кишти вилоятро аз ҳар гуна хавфу хатар эмин нигоҳ доред.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ҷамъбасти кори семинар-машварат баромад намуд ва дастуру супоришҳо оид ба кору фаъолияти ситодҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ вобаста ба ташкили муборизаи муташаккилона бар зидди малах дод. Таъкид карда шуд, ки корро дар ин самт ҷоннок намуда, оид ба пешгирии домангустарии ҳашароти зараррасон тамоми чораҳо андешида шавад.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


