Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Рӯзи 26 ноябр, дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ таҳти унвони «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид. Тибқи иттилои Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар ҳамоиши мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ва роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин, 145 нафар гирандагони стипендияи президентӣ аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ширкат варзиданд.
Максад аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаи дӯстии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ ба воя расонидани ҷавонон мебошад.
Зимни вохӯрӣ роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода қайд кард, ки имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон хеле хуб буда, ҷиҳати аз бар намудани донишҳои муосир ва соҳибкасб гардидани ҷавонон пайваста чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

- Мутмаинам, ки шумо - насли ҷавон, давомдиҳандагони кору пайкори фарзандони хирадманду хирадпеша асолат ва рисолати арзишҳои миллию давлатдориро муҳофизат карда, мактаби мардонагӣ ва ватандориро аз Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхта, ворисони арзандаи ин сарзамин ва пайравони асили Пешвои муаззами кишвар мебошед, - зикр намуд Ғ. Сафарзода.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки бо талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, шароити беназирро барои насли ҷавон ҳадя намуд. Пешвои ҷавонпарвари миллат барои мову шумо наврасону ҷавонон тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст, то ки шумо илм омӯзед, забонҳои хориҷиро аз худ кунед, мутахассиси баландихтисос гардида, ба Ватану миллат содиқона хизмат намоед.
Таъсиси стипендияи президентӣ намунаи олии таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонони кишварамон ба ҳисоб рафта, барои ҳавасманд намудани хонадагон ва донишҷӯёни болаёқати ҷумҳурӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод заминаи мусоид фароҳам овард.
Раиси кумита ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят шаҳодатномаи гирандагони стипендияи президентиро бо лентаи рамзӣ ва маблағи стипендия дар фазои тантанавӣ ба соҳибонашон супориданд.
Барои болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангиву фароғатии саршор аз таронаҳои ватандориву ватандӯстӣ ба намоиш гузошта шуд.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР