Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД
Раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли гузашта кишоварзони ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба 1,4 миллиард сомонӣ расонида, дар майдони 19,5 ҳазор гектар кишти зироатҳои гуногунро ба роҳ мондаанд.
Номбурда афзуд, ки соли 2021 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 47,7 ҳазор тонна ғалладона, 18,1 ҳазор тонна пахта, 5,2 ҳазор тонна картошка, 84,3 ҳазор тонна сабзавот, 61 ҳазор тонна полезӣ, 6 ҳазор тонна меваҷот ва 4 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардидаст.
Ҳамчунин ба хориҷи кишвар 4200 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ содирот шудааст.
Кишоварзони ноҳия соли сипаригардида дар якчанд ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, иштирок карда, зиёда аз 7200 тонна маҳсулоти гуногунро бо нархҳои дастрас пешкаши сокинони пойтахт намуданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
“Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



