Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҲАФТ КОРХОНАИ САНОАТӢ БУНЁД ШУД
-Соли 2021 маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 268,6 миллион сомониро ташкил дода, афзоиш ба 122,8 фоиз баробар шудааст. Аз ин ҳиссаи корхонаҳои саноатӣ 165,4 миллион ё 61,6 фоиз ва бахши хусусӣ 103,2 миллион сомонӣ ё 38,4 фисадро дар бар мегирад,- гуфт раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин зимни нишасти матбуотӣ.
Ӯ дар идома афзуд, ки аз 50 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ, 35 корхона нисбатан фаъолияти хуб намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум аз 100 то 2 баробар, ё ин ки 49,8 миллион сомонӣ зиёд намуданд.
Инчунин соли гузашта дар минтақаи саноатии шаҳр 4 корхонаи нави саноатӣ аз қабили ҶДММ “Бохтар шифер”, ҶДММ “Сомони Расул”, (истеҳсоли дучарха), ҶДММ “Баракати истиқлол”, (истеҳсоли мебел ва сардхона), ва ҶДММ “Акобир” (истеҳсоли мебел) ифтитоҳ гардид, ки аз ин ҳисоб 89 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гаштанд.
Ҳамчунин дар дохили ҶСШК “Хӯрокворӣ” сардхона бо таҷҳизоти шустушӯи маҳсулоти кишоварзӣ, ҶДММ “Бунёди ганҷи истиқлол” ва ҶДММ “ Тоирҷони Анорбой” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар маҷмӯъ баъди бунёди 7 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ дар шаҳр 95 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
“Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59ҶАЙҲУН-ДАР МАСИРИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ 12:12
Серхонандаҳо
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ
ҶАЙҲУН-ДАР МАСИРИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ
Истиқлол — сарчашмаи саодат ва омили рушди Тоҷикистони соҳибиқбол



