Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МУНТАЗАМ МОНИТОРИНГ ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД
Бо мақсади танзими нархи маҳсулоти аҳамияти иҷтимоидошта, назорати вазъи бозори истеъмолӣ, ташаккулёбии нархҳо, пешгирии болоравии сунъии нарх ва риояи қоидаҳои нархгузорӣ дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мунтазам мониторинг гузаронида мешавад.
Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Юсуфзода Фируз зикр кард.
Номбурда гуфт, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ, аз болоравии беасоси нархи молҳои ниёзи аввалия пешгирӣ карда мешавад.
Тибқи нишондони мониторинги гузаронидашуда, ба ҳолати 28 декабри соли 2021 дар бозору нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳои вилоят нархи миёнаи 50 килограмм орди навъҳои якум ва дуюм аз 260 то 275 сомонӣ, 1 кг макарон- 9-10 сомонӣ, 1 кг биринҷ- 8-10 сомонӣ, 1 кг картошка- 3-4 сомонӣ, 1 кг сабзӣ- 1,5-2,5 сомонӣ, 1 кг бехпиёз- 2-3 сомонӣ, 1 кг равғани пахтаи маҳаллӣ- 20-22,6 сомонӣ, 1 кг равғани офтобпарасти воридотӣ- 20,2-23,6 сомонӣ ва 1 килограмм шакар- 9-10 сомониро ташкил дода, нисбат ба моҳи ноябри соли 2021 болоравии назарраси нархҳо мушоҳида нашудааст.
Ҳамчунин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи 1 литр бензини навъҳои Аи-92 ва Аи-95 ба ҳисоби миёна 10,30-10,80 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ, 10,50-10,70 сомонӣ ва нархи 1 литр гази моеъ 7,20- 7,40 сомониро ташкил додааст.
-Баъзе аз маҳсулоти воридотӣ ба қаламрави вилояти Хатлон асосан аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе дастрас гардида, ташаккулёбии нархи онҳо ба қимати сӯзишворӣ ва хароҷоти интиқол то шаҳру ноҳияҳои вилоят вобастагӣ дорад, - мегӯяд Юсуфзода Фируз.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
“Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



