Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар майдони 7 ҳазор гектар картошка кишт мешавад
Тибқи дурнамо соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон дар майдони 7 ҳазор гектар кишти картошкаи барвақтӣ ба роҳ монда мешавад. Ин нуқта зимни баргузории машварати вилоятӣ оид ба буришу башаклдарории дарахтони мевадиҳанда ва хусусияти хоси парвариши картошкаи барвақтӣ дар ноҳияи Ёвон зикр шуд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ доданд, дар ин машварат муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода, кишоварзон, олимону хоҷагидорон ва боғпарварони ноҳияҳои Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон ширкат намуданд.

Муовини аввали раиси вилоят Амонулло Салимзода зимни баромади хеш қайд кардааст, ки боғдорӣ ва картошкапарварӣ яке аз бахшҳои муҳимтарин ва сердаромадноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, солҳои охир таваҷҷуҳ ба ин самт бештар равона карда мешавад. Дар вилоят майдони боғҳои мевадиҳанда ва кишти картошка сол то сол зиёд мегардад.
“Кишоварзон бояд ҳар ваҷаб замини корами обиро самаранок истифода карда, заҳбуру заҳкашҳои ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар заминҳои пахтазорро сари вақт тоза карда, ба кишти баҳорӣ омодагӣ гиранд”, - зикр кардааст Амонулло Салимзода.
Ҳамчунин дар ин семинар-машварат олимони соҳа ба хоҷагидорону кишоварзон оид ба шаклдарории дарахтони мевадиҳанда ва кишти картошкаи барвақтӣ тавсияву маслиҳатҳои судманд доданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



