Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҚАЛЛОБОН ДАСТГИР ШУДАНД
Коррупсия амалест, ки аз солҳои қадим миёни шаҳрвандон бо усулҳои гуногун мавҷуд мебошад. Имрӯзҳо коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд.
Тавре маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, Дустов Раҷабалӣ Ҷумахонович дар вазифаи сардори Дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершуъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати хизматӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародараш маблағи 22000 сомонӣ талаб намудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ Дустов Р.Ҷ. баъди бевосита талаб карда гирифтани маблағи 22000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи 22000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Дустов Раҷабалӣ Ҷумахонович парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ба Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ирсол карда шуд.
Инчунин шаҳрванд Абдуллоев Абдукарим Рауфович дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён, капитани милитсия Зиёдализода Матлюба ба боварии шаҳрванд “А” даромада барои кумак намудан дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати писараш дар шаш ҳолат маблағи умумии 154000 сомониро гирифта, ин маблағро тасарруф намуда, ба манфиати охирин ягон амали муайянеро иҷро накарданд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Абдуллоев А.Р. ва Зиёдализода Матлюба бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон карда шуда, парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



