Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
25 июн 00:17Ҷамъият
Ба нурат ифтихори моӣ, Роғун!
Дар хусуси шукӯҳу шаҳомат ва қувваю иқтидори кохи нури - Роғун, ки онро сохтмони аср меноманд, чизе навиштанӣ шавем, қалам оҷизӣ мекашад, зеро наметавон шуҷоату мардонагии бунёдгарони ин корзори азимро пурра тасвир кард. Сохтмон ба майдони ҳақиқии заҳмату меҳнати созандаю бунёдкорона табдил ёфтааст, ки дар он ҳазорон нафар фидоиёни миллат таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ҳарфҳои заррин меофаранд. Таърихеро, ки он ормони деринаи сокинони кишвар буд.
Ба қавли шоир:
Аё Роғун,
Табиӣ сарбаландиҳои миллат гашт сарбандат,
Баландиҳои ҳиммат сарбаландӣ дод садчандат.

Бо вуҷуди мушкилоти зиёди молиявию иқтисодӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бунёди ин неругоҳи бузург, ки дар оянда мушкилкушои тамоми соҳаҳо хоҳад гашт, барои мутахассисону коргарон тамоми шароитҳои заруриро фароҳам овард. Ҳамин буд, ки 29 октябри соли 2016 маҷрои дарёи Вахш баста шуда, сохтмони дарғоти 335 метра шурӯъ гардид. Дар ин маросим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳидоятгару ташаббускори бевоситаи ҳалли мушкилоти энергетикии мамлакат аст, тавассути булдозер аввалин корҳои маҷробандиро оғоз намуд.
Ҳамин тариқ, бо гузашти рӯзҳо бунёди сарбанду толори мошинҳо ва трансформаторҳо, ки дар оғӯши кӯҳҳои сар ба фалаккашида ҷойгир аст, бо насби агрегатҳо дар муҳлати кӯтоҳ амалӣ гардид, ки он дар ҷаҳон беназир мебошад. Воқеан, на танҳо аз ҷиҳати ҷойгиршавию насби агрегатҳо, балки худи ин шоҳкории азимро баъди пурра ба истифода додани он метавон дар қатори иншоотҳои бузурги Федератсияи Россия, аз қабили неругоҳи Саяно – Шушенскии шаҳри Красноярск ва боз як қатор дигар мамолики пешрафтаи дунё дохил намуд, ки он як навъ ифтихори миллату ватандорист.
Рӯзи 16 ноябри соли сипаригардида нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд, ки ин эътиқоду эътимоди мардумро ба анҷоми корҳои минбаъда қавӣ сохт, чунки орзуи чандинсолаи сокинони кишвар дар мавриди истеҳсоли барқи аввалин бомуваффақият амалӣ шуд. Ҳоло дар ин иншооти тақдирсоз корҳо бомаром давом ёфта истодааст. Чуноне аз расонаҳои хабарӣ медонем, соли равон ба истифода додани агрегати дуюми неругоҳ тибқи нақша дар назар аст. Лекин, ин ҳанӯз оғози кор аст. Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар тантанаи ба истифода додани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» қайд намуданд, барои пурра ба анҷом расонидани корҳо дар ин иншооти тақдирсоз бинокорони боору номусро заҳмату меҳнати зиёд мебояд. Заҳмату меҳнате, ки назирашро таърих ёд надорад.
Баъди анҷоми корҳо дар ин боргоҳи нур орзуи чандинсолаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба воқеият табдил ёфта, манзилу маҳфили онҳо мунаввар мегардад. Аз тарафи дигар, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат боз ҳам хубтару беҳтар мешавад, ки ин моро ба фатҳи қуллаҳои мурод мебарад ва Тоҷикистонро шуҳраи офоқ месозад. Чархидани чархаҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» номи миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ боз болотар мебарад.
Дарвоқеъ, онҳое, ки шоҳиди даврони аввали барқарорсозии харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ буданд, ба хубӣ дар хотир доранд, ки ҳатто сокинони марказҳои маъмурии кишвар чӣ гуна аз норасоии неруи барқ танқисӣ мекашиданд. Шукронаи тинҷию осудагии мамлакатамон, ки имрӯз бо шарофати боргоҳи сохташавандаи барқи обии «Роғун» ва дигар неругоҳҳои хурду калони кишвар сокинони шаҳр пурра бо неруи барқ таъминанду сарҷамъона баҳри ободию сарсабзии диёри азизамон кору пайкори созанда доранд.
А. ШАРИПОВ, сардори хадамоти фурӯши барқи шаҳри Бохтар

Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД