Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки сармуҳаррирон ва аҳли эҷоди нашрияҳои даврии вилоятӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия» баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои муҳими тақвияти мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Мизи мудавварро сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои калидии фаъолияти эҷодии воситаҳои ахбори омма маҳсуб меёбад. Дар шароити имрӯза, ки ҷомеа ба иттилооти дақиқу боэътимод ниёз дорад, нақши журналистикаи масъул дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бештар мегардад.
Зикр гардид, ки бо такя ба сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар ва дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030, аҳли эҷоди нашрияҳо талош доранд маводи таҳлилӣ ва воқеъбинонаро бештар пешниҳоди хонандагон намоянд.
Дар идомаи суханронӣ таъкид шуд, ки имрӯз фаъолияти ВАО танҳо ба чопи матлабҳо маҳдуд намешавад. Рушди технологияҳои иттилоотӣ ва истифодаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ фазои наве барои таъсиррасонӣ ба аудитория фароҳам овардааст. Маҳз тавассути ин имкониятҳо метавон паёмҳои муҳими зиддикоррупсиониро ба доираи васеи ҷомеа расонд.
Сипас, нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Бохтар Ҷамшед Саидамирзода доир ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ин самт ибрози назар намуд. Ӯ зикр кард, ки татбиқи Стратегияи давлатӣ пеш аз ҳама ба таҳкими шаффофият, баланд бардоштани масъулияти мансабдорон ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ равона гардидааст.
Ба гуфтаи мавсуф, ҷалби фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкории зич бо воситаҳои ахбори омма метавонад дар коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ нақши муассир бозад. ВАО, ҳамчун пули иртибот миёни давлат ва ҷомеа, уҳдадор аст бо инъикоси воқеъбинона ва таҳлили амиқи масъалаҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ мусоидат намояд.
Дар рафти ҳамоиш иштирокдорон оид ба роҳҳои тақвияти ҳамкориҳо, баланд бардоштани сифати маводи журналистӣ, истифодаи жанрҳои таҳқиқотӣ ва густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Таъкид гардид, ки мубориза бо коррупсия раванди дарозмуддат буда, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандиро талаб мекунад.
Дар анҷоми мизи мудаввар зикр шуд, ки танҳо дар натиҷаи ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
М. Маҳмадалиев
«САФО»
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



