Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
УСТОДЕ, КИ АЗ ХУД МАКТАБ ГУЗОШТ
Юсуф Раҳимов аз ҷумлаи шахсиятҳои барҷастаи илму маорифи кишвар ба шумор меравад, ки бо фаъолияти пурсамар ва фидокоронаи худ дар рушду такомули ҷомеаи муосири миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Зиндагиномаи ӯ таҷассумгари роҳи пурифтихори наслест, ки бо меҳнату дониш ва садоқат ба Ватан ба камол расидааст.
Юсуф Раҳимов 12 марти соли 1938 дар деҳаи Сурмаи ноҳияи Данғара, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Муҳити кӯҳистони зебо, анъанаҳои неки аҷдодӣ ва тарзи ҳаёти меҳнатдӯстона дар шаклгирии ҷаҳонбинӣ ва шахсияти ӯ таъсири амиқ гузоштанд. Аҷдодони ӯ, ки аз қабилаҳои Сафармерган ва Гадомерган буданд, бо ҷасорат, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳорати баланди шикорӣ шуҳрат доштанд. Ин мероси маънавӣ дар тарбияи иродаи қавӣ ва ҳисси ватандӯстии ӯ нақши муҳим гузоштааст.
РОҲИ ДОНИШ ВА ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТ
Юсуф Раҳимов таҳсилоти ибтидоиро дар деҳаи Тутқавули шаҳри Норак оғоз намуда, барои донишандӯзӣ ҳар рӯз масофаи тулонӣ тай мекард. Ин заҳматҳо ӯро обутоб дода, ба шахсияти устувору ҳадафманд табдил доданд.
Пас аз хатми синфи 9-уми мактаби миёнаи шаҳраки Данғара, таҳсилашро дар интернати давлатии шаҳраки Уялии ноҳияи Хуросон идома дод. Соли 1957 ба факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1963 бомуваффақият хатм намуд. Баъдан фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун омӯзгори фанни таърих дар мактаби миёнаи №1-и шаҳри Норак оғоз кард.
Дар давраи донишҷӯӣ дар симпозиуме дар шаҳри Москва иштирок намуда, бо роҳбари вақти Иттиҳоди Шуравӣ Никита Сергеевич Хрушов мулоқот анҷом додааст. Ин вохӯрӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии ӯ таъсири маънавӣ гузошта, ӯро ба хизмати содиқона ба ҷомеа ҳидоят намуд.
ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ИЛМӢ
Солҳои 1964–1966 Юсуф Раҳимов ба ҳайси мудири қисми таълимӣ ва директори мактаби №3-и шаҳраки Тутқавул фаъолият намуд. Аз соли 1966 фаъолияти илмии худро дар Институти таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз карда, солҳои 1968–1971 дар аспирантура таҳсил намуд.
Аз соли 1983 фаъолияти омӯзгориро дар кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин идома дод. Ӯ аз вазифаи ассистент оғоз намуда, баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ соли 1989 ба унвони муаллими калон ва дотсент расид.
Солҳои 1992–1996 ба ҳайси муовини декани факултети таърих фаъолият намуда, дар тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми назаррас гузошт. Дар давоми фаъолияти худ шогирдони зиёдеро ба камол расонида, ҳамчун устоди асил ва тарбиятгари наслҳо шинохта шуд. Бояд зикр намуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шогирдони муваффақи Юсуф Раҳимов мебошанд.
ОСОРИ ИЛМӢ ВА САҲМИ НАЗАРРАС
Самти асосии таҳқиқоти илмии Юсуф Раҳимов таърихи энергетика ва электрикунонии Тоҷикистон мебошад. Ӯ муаллифи зиёда аз 100 асари илмӣ ва илмӣ-оммавӣ буда, дар таҳияи масъалаҳои муҳими энергетикии кишвар саҳми арзанда гузоштааст.
Аз ҷумла, осори ӯ – «Нақши НБО-и Роғун дар таъмини амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2012), «Неругоҳи барқи обии Роғун: муаммоҳо, зиддиятҳо ва мухолифони он» (2013), «Ташаккул ва инкишофи гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият» (2014, ҳаммуаллиф) – аз ҷумлаи таҳқиқоти муҳим ба ҳисоб рафта, аҳамияти илмӣ ва амалӣ доранд.
ИНСОНПАРВАРӢ ВА АМАЛҲОИ НЕК
Дар баробари фаъолияти илмӣ, Юсуф Раҳимов ба ободонӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуд. Ӯ дар зодгоҳи худ боғи зебое бунёд кард, ки имрӯз ҳамчун рамзи пайванди наслҳо ва эҳтиром ба гузаштагон шинохта мешавад.
ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРШИНОСӢ
Меҳнати содиқонаи Юсуф Раҳимов аз ҷониби давлату ҷомеа қадрдонӣ гардид. Ӯ бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардида, бо ордени «Шараф» ва як қатор ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.
Юсуф Раҳимов 5 августи соли 2017 аз олам даргузашт. Аммо номи нек ва корномаи ӯ дар хотири шогирдон ва ҷомеа ҷовидона боқӣ мемонад.
Имрӯз пайвандонаш, аз ҷумла Файзиддин Раҳимов, Муҳаммаднабӣ Раҳимзода ва Исфандиёр Раҳимов роҳи илмиро идома дода, мероси гаронбаҳои ӯро пос медоранд.
Юсуф Раҳимов намунаи равшани инсоне буд, ки бо меҳнати ҳалол, дониш ва иродаи қавӣ дар таърихи миллат нақши мондагор гузошт. Ӯ чароғе буд, ки роҳи дигаронро равшан мекард ва ин чароғ ҳамеша фурӯзон хоҳад монд.
Фирӯзшоҳ Раҳимов,
Файзиддин Раҳимов,
ноҳияи Данғара
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06ТАРБИЯИ МАЪНАВӢ – ВАСИЛАИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ 14:00К И Т О Б Д О Р 13:56ХАТЛОН. ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ЯК МАТОВУ САД РАНГ» 13:50РИШТАИ МЕҲР 13:44УСТОДЕ, КИ АЗ ХУД МАКТАБ ГУЗОШТ 14:16САРГУЗАШТИ ИБРАТОМӮЗИ ХАБИСА ХОЛОВА 13:39ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН: БАРРАСИИ КАМБУДИҲО ВА СУПОРИШҲОИ ҚАТЪӢ 13:34
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
КӮШОНИЁН. 369 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
ШАБАФРӮЗ: БОНУЕ ДАР МАСИРИ ЭҶОД
ЗАН ДАР МАЪБАДИ КИТОБ


