Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонида истодааст.
Дар доираи ислоҳоти соҳа баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт то имрӯз барномаҳои миллӣ татбиқ шуда истодаанд, аз ҷумла дар самтҳои мубориза бар зидди бемориҳои сил, саратон, бемории дил, вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), нашъамандӣ ва дигар бахшҳо.
Вобаста ба пайдоиш, табобат ва ангезандаҳои бемориҳои сироятӣ ходими маҷалла мусоҳибаеро бо директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар Азизулло Маҳмадуллозода, анҷом додааст, ки онро манзури шумо мегардонем.
– Сараввал дар бораи пайдоиши бемориҳои сироятӣ каме маълумот медодед?
– Бемориҳои сироятӣ бемориҳоеанд, ки бинобар дохил шудан ва афзоиш ёфтани микробҳо, занбурӯғҳо, вирусҳо, тухми кирмҳои паразит ва дигар ангезандаҳои касалиангез ба вуҷуд меоянд. Ҷиҳати хоси бемориҳои сироятӣ имконияти гузаштани онҳо аз организми сироятёфта ба организми солим мебошад.
Бемориҳои сироятӣ аз се омили асосӣ таркиб ёфтаанд: манбаи сироят (одам ё хайвони сироятёфта), ноқили ангезанда ва одамони ба сироят ҳассос. Ҳассос будани организм ба бемориҳои сироятӣ ба омилҳои биологӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла синну сол, тарзи ғизохӯрӣ, шароити зиндагӣ ва ғайра вобаста аст.
Ба пайдоиши бемориҳои сироятӣ чунин омилҳо мусоидат мекунанд: гуруснагӣ, ғизои номунтазаму якхела, норасоии витаминҳо ва сафедаҳои хӯрок, хастагӣ, гармии аз ҳад зиёд, хунукхӯрӣ, гелминтозҳо, зичии аҳолӣ ва ғайра.
– Ангезандаҳои ин бемориҳо чиҳо буда метавонанд?
– Унсурҳои муҳити атроф низ омилҳои интиқоли ангезандаҳои бемориҳои сироятӣ мебошанд. Масалан, ангезандаҳои бемориҳои сироятии рӯда (домана, исҳоли хунин ва ғайра) аз обу хӯрок, косаву табақ ва дигар ашё паҳн мешаванд. Интиқоли ангезандаҳои зуком, сурхча, хунок ва ғайра бошад ба шахси солим аз ҳаво (ҳангоми сулфидан, атса задан, гуфтугӯ) ба амал меояд.
Бемориҳои пӯст дар аснои тамос бо ҳайвонот ё бемор (масалан, бемориҳои занбурӯғӣ) мегузаранд. Ҳасба, тифи раҷъӣ, энсефалит ва дигар бемориҳо аз одам (ё ҳайвон) ба одам тавассути ҳашароти хунмак, шабуш, пашша, кана ва мағилмак мегузаранд.
– Оё бемориҳои сироятӣ ба навъҳо ҷудо мешаванд?
– Бале. Бемориҳои сироятӣ ба антропонозҳо ва зоонозҳо ҷудо карда мешаванд. Антропонозҳо фақат ба одам хосанд ва одам танҳо аз одам сироят мегирад. Зоонозҳо хоси ҳайвон буда, ба одам низ интиқол меёбанд. Аз зоонозҳо одам бо роҳҳои гуногун, масалан, ҳангоми тамос бо ҳайвони касал, тавассути пӯсти осебёфта ё пардаҳои луобӣ, газидани саги касал (ҳорӣ) ва ҳашароти хунмак (масалан тоун, вараҷа) сироят мегирад.
– Баҳри пешгирии ин бемориҳо чӣ бояд кард?
– Барои пешгирии зоонозҳо бемориро ошкор карда, ҳайвони касалро ҷудо нигоҳ медоранд. Ҷои нигохдории чорворо дезинфексия намуда, зидди хояндаҳо ва ҳашароти хунмак мубориза мебаранд ва ба чорводорон бо мақсади пешгирӣ маълумот медиҳанд.
Ҳангоми бемориҳои сироятии рӯда, аз қабили исҳоли хунин, тифи шикам, паратифҳо, вабо ва ғайра ангезандаҳо ба муҳит, асосан бо пасафканди беморон ё ҳомили бактерия паҳн шуда, ба организми одам ҳамроҳи ғизо дохил мешаванд. Тобистон бемориҳои сироятии рӯдаро асосан пашаҳо мегузаронанд. Барои пешгирии бемориҳои сироятии рӯда бемор ва ҳомили бактерияро ҷудо нигоҳ дошта, табобат мекунанд. Хонаву ҷойро дезинфексия ва пашаҳоро нест менамоянд.
Ҳар шахс бояд дасташро пеш аз истеъмоли таом ва баъди қазои ҳоҷат бо собун шӯяд. Сабзавоту меваҷотро аввал шуста, баъд бо оби ҷӯш чайқонидан лозим аст. Хӯроквориро аз паша муҳофизат бояд кард.
Ҳангоми бемориҳои сироятии роҳҳои нафас бошад ангезандаҳо ба муҳит дар вақти гуфтугӯ, сулфидан ва атса задан паҳн мегарданд. Онҳо ба организми одам бо роҳи нафас ворид мешаванд. Баъзе бемориҳои сироятии роҳи нафас, масалан зуком, дар байни одамон зуд густариш меёбанд. Бинобар ин, дар мавсими хурӯҷи зуком ҳангоми сулфидан ё таб кардан, беморро дар хона нигоҳ доштан ва духтурро даъват кардан лозим аст.
Дар аснои парастории бемор шахси солим бояд даҳону биниашро бо докаи чорқабата бандад. Бемор ҳангоми гап задан, сулфидан ё атса задан даҳону биниашро бо рӯймолча бояд пӯшад.
Ҳангоми бемориҳои сироятии хун ангезандаҳо бо хун гардида, бинобар алоқаи мустақим надоштан, аз бемор ба шахси солим танҳо тавассути ҳашароти хунмак мегузаранд. Ангезандаҳои бемориҳои сироятии хунро паша, шабуш, кана ва кайк интиқол медиҳанд.
Дар мавриди бемориҳои сироятии пӯст ангезандаҳо ба организми одам аз пардаи луобӣ ва пӯсти иллатёфта дохил мешаванд. Одам дар аснои тамос ва истифодаи кӯрпаву болин ё сачоқи бемор сироят мегирад.
Риояи қоидаҳои беҳдошт барои пешгирии бемориҳои сироятӣ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, ҳар як шахс бояд ҳатман қоидаҳои беҳдоштиро риоя намояд. Шахсони гирифтори бемориҳои сироятӣ дар беморхона ва дар баъзе ҳолатҳо дар хона табобат мегиранд. Нигоҳубини дуруст ва ғизои хуб табобати бисёр бемориҳои сироятиро осон мегардонад.
Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ аз эмгузаронии пешгирикунанда истифода мебаранд. Кам шудани бемориҳои сироятӣ бештар ба тараққиёти хоҷагии халқ, дараҷаи некуаҳволии мардум ва хадамоти тандурустӣ вобастагӣ дорад.
– Ташаккур барои як суҳбати хубу пурмуҳтаво ва тавсияҳои судманд.
Саломату сарбаланд бошед!
Мусоҳиб Сулаймон Султонов
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



