Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
Имрӯз, 28 апрел, таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ тариқи маҷозӣ бо иштироки муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳаҳои марбута баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 25 апрели соли ҷорӣ зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилоят дар ноҳияи Данғара баён гардида буданд, мавриди баррасии амиқ қарор дода шуданд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки Пешвои миллат дар вохӯрии мазкур натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро дар се моҳи соли ҷорӣ таҳлил намуда, аз роҳбарону масъулон тақозо намуданд, ки фаъолияти худро бо масъулияти баланд ба роҳ монанд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуданд. Иҷрои дурнамои кишти пахта, аз ҷумла кишти зери плёнка, кишти картошка, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва махсусан ҷамъоварии пиёз мавриди таҳлил қарор гирифт. Масъулон вазифадор шуданд, ки бо истифода аз шароити мусоиди обу ҳаво дар заминҳои аз кишти пиёз холишуда кишти пахтаро сари вақт ба роҳ монанд.
Ҳамзамон, масъалаи ба ҳисоботи электронӣ ворид намудани маълумот дар шакли 1-ФХД (фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ) то ҳол пурра ҳал нашуда, ба масъулон дастур дода шуд, ки ин равандро ҳарчи зудтар ба низом дароранд.
Дар ҷаласа инчунин фаъолияти Ситоди «Мубориза бар зидди малах» дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Панҷ, Хуросон, Шаҳритус, Вахш, Кӯшониён, Фархор, Данғара ва Восеъ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки бояд ин самт дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Масъалаҳои дигар, аз ҷумла дурнамои наслгирӣ аз чорвои майда, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар, таъмини мавсими обрасонӣ ба зироатҳо, фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ, пардохти саривақтии андозҳо ва истифодаи оқилонаи неруи барқ дар насосҳои обкашӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, ба масъалаҳои парвариш ва ҷамъоварии пилла, омодагӣ ба кишти такрории зироатҳо, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Дар анҷоми ҷаласа раиси вилояти Хатлон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дода мешавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН




