Бойгонӣ
Март 2026 (2)
Февраль 2026 (31)
Январь 2026 (22)
Декабрь 2025 (17)
Ноябрь 2025 (25)
Октябрь 2025 (20)

РАМАЗОНРО ҒАНИМАТ ДОНЕМ!

 
Моҳи мубораки Рамазон фурсати нодири худшиносӣ, покии руҳ ва наздикшавӣ ба Парвардигор аст. Аз ин рӯ бо Ҳайдар Сафаров, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Бохтар суҳбате доштем ва дар ин матлаб паҳлуҳои муҳими рӯза, закот ва фитрро шарҳ дода, ҳамчунин бархе аз боварҳои нодурустеро, ки миёни мардум роиҷанд, тавзеҳ дод.

 — Домулло, биёед суҳбатамонро аз фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон оғоз кунем.
— Моҳи мубораки Рамазон яке аз фарзҳои Илоҳӣ ва яке аз панҷ рукни бунёдии дини ислом ба шумор меравад. Ҳар мусалмоне, ки оқил, болиғ, солим ва муқим бошад, вазифадор аст ин моҳро рӯза бигирад. Худованди мутаол дар Қуръони карим мефармояд:
«Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза доштан бар шумо муқаррар шуд, ҳамчунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд, то парҳезгор шавед» (Бақара: 183).
Ин оят далели равшанест, ки рӯза бар умати паёмбари Худо (с) фарз шуда ва пеш аз мо низ бар умматони дигар паёмбарон ба тариқи худ фарз буд. Дар анҷоми оят Парвардигор таъкид мекунад, ки бо сабаби рӯза доштан соҳиби тақвою парҳезгорӣ шавед.
Рӯзадор аз хӯрдану нӯшидан, суханони лағв, нигоҳи нодуруст ва амалҳои номашруъ дурӣ мегирад. Дастонашро аз моли ҳаром нигоҳ медорад ва бо гӯшаш суханҳои дурӯғ ва беҳударо намешунавад. Яъне, инсон бояд бо тамоми ҳастӣ рӯзадор бошад.
Ин моҳ дар байни дувоздаҳ моҳи қамарӣ беҳтарин моҳ ҳисоб мешавад. Пас онро бояд бо хушию муҳаббат истиқбол кунем ва ғанимат донем.
 — Мегуфтед, ки моҳи Рамазон чӣ махсусиятҳо ва манфиатҳо дорад?
— Паёмбари гиромӣ (с) фармудаанд, ки рӯза сипар аст, то замоне ки онро пора насозанд. Ин сипар рӯзадорро аз бадиҳои осмонию заминӣ ва дар рӯзи қиёмат аз оташи дӯзах ҳифз мекунад.
Аммо чӣ чизе ин сипарро пора мекунад? Сухани дурӯғ, луқмаи ҳаром, туҳмат ва бӯҳтон, зулм ба ҳамватани худ, ғайбат ва рафтори ношоиста. Агар касе чунин амалҳоро анҷом диҳад, рӯза барояш дигар чизе ғайр аз гуруснагию ташнагӣ намеорад.
Дар моҳи мубораки Рамазон ҳар амали нафлӣ ба дараҷаи амали фарзии дигар моҳ арзиш дорад. Агар касе як амали фарзро дар ин моҳ анҷом диҳад, гӯё ҳафтод амали фарзӣ ба ҷой оварда бошад. Некӣ ба падару модар, кумак ба ятиму мискин, тиловати як варақ Қуръон — ҳама ҳафтод баробар мешаванд. Ин хосияти беназири моҳи мубораки Рамазон аст.
Дар ин моҳ иҷрои амалҳои хайр ба мисли садақаи ҷория низ фазилати бузург дорад. Агар дар моҳи Рамазон як километр роҳ мумфарш кунем, савобаш чунон аст, ки гӯё дар ғайри Рамазон 70 километр роҳ мумфарш карда бошем.
 — Имсол барои мусалмонон чӣ қадар закот ва садқаи фитр муқаррар шудааст ва онро ба кӣ бояд дод?
— Раёсати Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кардааст, ки нисоби закот бо ҳисоби шаръӣ 64 ҳазор сомонӣ муқаррар шавад ва шахсе, ки ин миқдор мол дар гардиш дорад, вазифадор аст 1 600 сомонӣ закот бипардозад.
Закот барои фақирон, қарздорони воқеӣ ва толибилмони ниёзманд пешбинӣ шудааст. Имрӯз донишҷӯёне ҳастанд, ки барои хобгоҳ, дафтар ва китоб ба маблағ муҳтоҷанд. Бинобар ин метавонем аз закоти худ ба онҳо дасти кумак дароз кунем.
Инчунин, метавон ба оилаҳои қарздор закот дод, ба шарте ки қарздориашон аз сабаби майнӯшӣ ё истифодаи маводи мухаддир набошад, масалан, бар асари беморӣ ва надоштани маблағ барои хариди дору ба миён омада бошад. Дар чунин ҳолатҳо закот дар ҷои худ сарф мегардад.
 Шахсе, ки додани закот бар ӯ фарз аст, наметавонад онро ба падару модар, ҳамсар, фарзандон ва наберагонаш диҳад. Аммо ба ҳамсоягон ва хешу табор, агар онҳо ниёзманд бошанд, метавонад закот бидиҳад.
Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 72 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шудааст.
 Фитру закотро беҳтар аст дар аввалҳои Рамазон бароварда кунанд, то оилаҳои ниёзманд барои ифтор ва маросими идона омодагӣ дида тавонанд.
 — Баъзе савдогарон дар моҳи шарифи Рамазон нарху навои маҳсулотро гарон мекунанд. Аз нуқтаи назари дини мубини ислом, ин амал чӣ гуна арзёбӣ мешавад?
— Тоҷирон набояд нархҳоро беасос боло баранд ё бо савганди бардурӯғ мардумро фиреб диҳанд.
Тавсияи мо ин аст, ки бояд дар ин моҳ барои ҳамватанон сабукӣ фароҳам оварем. Чуноне ки аҷдодони мо дар айёми ид ва маросимҳо бо руҳияи инсофу ҷавонмардӣ амал мекарданд, мо низ бояд ҳамин фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ ва адолатро идома диҳем. Мо мардуми бофарҳанг ва соҳибтамаддун ҳастем. Набояд амале анҷом диҳем, ки боиси зарари дигарон ва зоеъ шудани ибодатамон гардад.
Биёед кӯшиш кунем, ки дар ин моҳ ва моҳҳои дигар нархҳо барои мардум қулай бошанд.
 — Дар миёни мардум овозае ҳаст, ки дар моҳи Рамазон хӯрдани гӯшти мурғ, тухм ва ҳасиб ҷоиз нест. То куҷо ин ҳақиқат дорад?
— Аз нигоҳи Қуръон ва суннат, ин пиндор ҳеҷ асосе надорад. Хӯрдани тухм, гӯшти мурғ ва дигар неъматҳои ҳалоли Парвардигор ягон монеаи шаръӣ надорад. Маҳсулоте, ки дар мағозаҳо бо тамғаи ҳалол фурӯхта мешавад, бидуни ягон шубҳа истифода бурда мешавад.
Инчунин пиндори «пок шудан» бо хӯрдани маводи муайян пеш аз Рамазон низ ягон пояи шаръӣ надорад. Покии ҳақиқӣ тавассути тавба ба даргоҳи Парвардигор ҳосил мешавад, на тавассути парҳези ихтироъшуда.
— Ташаккур, домуллои гиромӣ, барои суҳбати самимӣ!
— Сиҳатманду сарбаланд бошед!

  Суҳбаторо – Маҳмадализода Маҳмадалӣ Саидхон


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019