Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
02 май 14:06АСОСӢ / Ахбор / Ҳуқуқ ва амният / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
Шаби 1-уми майи соли 2026 бар асари боришоти шадид дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ҳодисаи нохуши табиӣ — обхезӣ ба амал омад. Дар натиҷаи ин офати табиӣ ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти ёрирасон ва қисме аз инфрасохтори шаҳр зарар расид.
Бо назардошти вазъи баамаломада ва дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соати 3:00-и шаби 2-юми май ҷаласаи фаврии ситоди вилоятӣ таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои марбута баргузор гардид.
Зимни ҷаласа таъкид карда шуд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, техникаву механизмҳои зарурӣ пурра сафарбар карда шаванд. Ҳамчунин ба масъулон супориш дода шуд, ки корҳои наҷотдиҳӣ, барқарорсозӣ ва расонидани кӯмак ба аҳолии зарардида дар муҳлатҳои кӯтоҳ анҷом дода шавад.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуши табиӣ, мутаассифона, се нафар ҷони худро аз даст дода, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ гардидаанд. Дар робита ба ин, ҳамдардӣ ва тасаллияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси вилоят ба пайвандони фавтидагон ва хонаводаҳои зарардида расонида шуд.
Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид шабона ба маҳаллаҳо ва мавзеъҳои зарардида рафта, аз вазъи воқеии минтақаҳои осебдида аз наздик шинос шуданд.
Дар ҷараёни боздид ба мақомоти марбута дастур дода шуд, ки ҷиҳати ташкили гурӯҳҳои корӣ, таъмини аҳолии осебдида бо маводи ғизоӣ, расонидани ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, кӯчонидани сокинон ба ҷойҳои бехавф ва ба роҳ мондани навбатдории шабонарӯзӣ дар мавзеъҳои хавфнок чораҳои саривақтӣ андешида шаванд.
Айни ҳол дар кӯчаҳо ва маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб бо истифода аз техникаву механизмҳои зарурӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва тозакунии минтақаҳо идома доранд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН





