Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
Таъмиру таҷдиди роҳҳо, ҷиҳати фароҳам овардани рафтуомади бемоманияти воситаҳои нақлиёт ва беҳтар гаштани шароити зиндагии мардум мусоидат намуда, ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дар ин росто, ба ин масъалаи муҳим дар ноҳияи Ёвон диққати зарурӣ равона гардида, пайваста роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гашта истодаанд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Калби Сабади Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх як километр роҳи маҳаллии дохилидеҳавӣ мумфарш гардида, дар ин ташаббуси саривақтӣ саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ назаррас мебошад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба “Сафо” иттилоъ доданд, барои асфалтпӯш кардани ин роҳ 800 ҳазор сомонӣ масраф гардида, он мутобиқ бо талаботи муосири роҳсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин роҳ раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иштирок намуда, амалӣ гаштани ин иқдомро ҳамкориҳои судманди мақомоти маҳаллӣ бо бахши хусусӣ арзёбӣ намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамин гуна иқдомҳои созанда дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон бо маром идома дошта, ҷиҳати ободонӣ ва рушди инфрасохтори деҳот диққати зарурӣ дода мешавад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?




