Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САРГУЗАШТИ ИБРАТОМӮЗИ ХАБИСА ХОЛОВА
Хабиса Холова яке аз занони пешсаф ва ҷасури ноҳияи Темурмалик аст, ки беш аз ним аср умри худро ба хизмати мардум бахшида, бо иродаи қавӣ ва фаъолияти пурсамар барои наслҳои имрӯз намунаи ибрат гардидааст.
Хушбахтона, дар ҷомеа шахсоне ҳастанд, ки тамоми донишу таҷриба ва ҳастии худро барои ободии Ватан ва рушди босуботи кишвар сарф менамоянд. Хабиса Холова аз зумраи чунин нафаронест, ки зиёда аз 50 соли умри бобаракати худро ба хизмати халқу Ватани азизаш бахшидааст.
Ӯ дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати Ҳусейнободи ноҳияи Темурмалик, дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, ба воя расидааст. Деҳаи Дӯстӣ дар доманаи кӯҳи Кангурт ҷойгир буда, бо манзараҳои зебояш шинохта мешавад.
Ин зани меҳнатқарину обрӯмандро дар Кангурт, ноҳияи Темурмалик ва берун аз он бисёриҳо мешиносанд. Дар суҳбат бо мо, холаи Хабиса аз рӯзгору фаъолияти меҳнатиаш хотироти ҷолибу ибратомӯз нақл кард.
Ӯ ба ёд меорад, ки дар синфҳои 6 – 7 таҳсил мекард ва бинобар дур будани мактаб, маҷбур буд пиёда рафтуомад намояд. Дар он солҳо дар хатсайри Данғара – Кангурт як автобус фаъолият дошт, ки ронандаи он зани миёнасоле бо номи Ёдгор буд. Ин зани ғамхору дилсӯз ҳамеша Хабисаву дугонаҳояшро ба мактаб мебурд. Маҳз ҳамин муносибат сабаб шуд, ки дар дили ӯ нисбат ба касби ронандагӣ шавқу рағбат пайдо гардад.
Бо ҳамин орзу, соли 1969 пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳаи Кангурт ба Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №16-и ноҳияи Восеъ дохил шуд. Гарчанде баъзе ҳамроҳонаш таҳсилро тарк карданд, ӯ бо иродаи қавӣ таҳсилро идома дода, нозукиҳои касби механизаторӣ ва ронандагиро аз худ намуд.
Дар давраи таҳсил яке аз донишҷӯёни фаъол ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, дар озмуни умумииттифоқӣ дар Ҷумҳурии Украина ҷойи дуюмро ишғол намуда, бо медали нуқра ва соати тиллоӣ сарфароз гардид.
Соли 1973 омӯзишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуда, соҳиби се ихтисос – тракторчӣ, ронандаи мошини пахтачинӣ ва ронандаи автомашина гардид.
Пас аз бозгашт ба зодгоҳ, ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз намуда, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба хонандагон нозукиҳои касбҳои техникӣ, аз ҷумла ронандагӣ ва механизаториро меомӯзонд. Дар тули 22 сол садҳо нафарро соҳиби касб гардонд.
Бо дарназардошти қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва масъулиятшиносӣ, ӯ ба вазифаи муовини директори хоҷагии давлатии «Кангурт» таъйин гардид. Дар ин вазифа низ бо ташаббусҳои созанда саҳм гузошта, ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ ва асалпарварӣ мусоидат намуд.
Ӯ ҳамчунин, барои ободонии маҳал, афзоиши истеҳсолот ва ҷалби занону ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ талош варзида, дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа саҳми назаррас гузошт.
Хабиса Холова солҳои зиёд вакили маҷлиси маҳаллӣ интихоб шуда, дар рушди иҷтимоии минтақа фаъолона иштирок кардааст.
Ӯ аз ҷумлаи нахустин заноне буд, ки дар минтақа автомашина идора мекард. Ин иқдом дар замони худ падидаи ғайриодӣ ба ҳисоб мерафт ва барои дигарон намуна гардид.
Дар баробари фаъолияти ҷамъиятӣ, ӯ ҳамчун модар низ муваффақ буд. Шаш фарзандро ба воя расонида, имрӯз ҳамаи онҳо соҳиби маълумоти олӣ ва дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд.
Айни ҳол, Хабиса Холова дар давраи бознишастагӣ қарор дошта, дар ҳалқаи фарзандону наберагон зиндагии орому пурсаодат дорад. Ӯ аз сулҳу суботи кишвар ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ифтихор мекунад.
Дар фарҷом, ба ин зани фидокор тандурустӣ ва рӯзгори обод таманно намуда, аз забони шоир мегӯем:
Сано бодо ба занҳое, ки марданд,
Баёзи зиндагиро байти фарданд.
Ба номардон бидода дасти мардӣ,
Даме ҳусни заниро кам накарданд.
Аъзам Бобоев, ноҳияи Темурмалик
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН


