Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
Имрӯз, 7 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун аз рафти ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саид» боздид намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Саид» дар деҳаи Айнӣ, ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун ҷойгир буда, дар масоҳати умумии 3 гектар замин фаъолияти кишоварзӣ ба роҳ мондааст.
Роҳбарии хоҷагиро Саид Маҳмадшоев ба уҳда дошта, хоҷагии мазкур аз 5 нафар саҳмгузор иборат мебошад. Ба гуфтаи масъулин, заминҳои хоҷагӣ самаранок истифода шуда, дар 1,30 гектар пиёзи барвақтӣ ва дар 1,70 гектари боқимонда зироатҳои полезӣ кишт карда шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳосилнокии пиёзи барвақтӣ дар хоҷагӣ то 500 сентнер аз ҳар гектарро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи хуби истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад. Айни ҳол ҷамъоварии ҳосил муташаккилона идома дошта, аллакай дар ду мошини боркаш маҳсулот барои содирот омода ва боргирӣ шуда истодааст.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо деҳқонон аз истифодаи самараноки замин, риояи агротехникаи кишт ва ба даст овардани ҳосили фаровон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди иқтидори содиротӣ аз самтҳои муҳими сиёсати аграрии давлат ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон ба масъулини соҳа ва кишоварзон ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва таъмини бозорҳои дохиливу хориҷӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД




