Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД
Дар ҳоле ки бархе меҳнати саҳроро душвор меҳисобанд, барои холаи Шоҳзода – сокини Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён замин манбаи неру, оромиш ва шарафи зиндагист. Ӯ беш аз чанд даҳсола аст, ки бо меҳнати ҳалол дар саҳро на танҳо ризқи хонавода, балки эҳтироми мардумро низ ба даст овардааст.
– Замин барои мо деҳқонон амсоли зар аст. Мо бо меҳнати ҳалол дар он гӯё “заршӯйӣ” мекунем. Онҳое, ки бо зар сару кор доранд, маблағ ба даст меоранд, мо бошем, дар баробари ризқу рӯзӣ, соҳиби обрӯ ва эҳтироми мардум мегардем. Зеро маҳсулоти тару тозае, ки бо меҳру заҳмати шабонарӯзӣ рӯёнда мешавад, бозорҳоро фаровон ва дастархони мардумро зеб мебахшад,- мегӯяд қаҳрамони матлаби мо.
Ба гуфтаи ин зани кордида, кам нестанд нафароне, ки ӯро дар саҳро машғули кор дида, маслиҳат медиҳанд, ки беҳтар аст дар хона истироҳат намояд ва аз даврони пиронсолӣ баҳра барад. Аммо худи ӯ чунин назар дорад, ки маҳз меҳнат дар замин барояш беҳтарин истироҳат аст.
– Тану ҷисми ман бо кори саҳро одат кардааст. Кор дар замин ба ман неру ва илҳоми тоза мебахшад. Вақте миёни зироати парвардаам қадам мезанам, худро ҳам руҳан ва ҳам ҷисман неруманд эҳсос мекунам, – мегӯяд ӯ.
Дастҳое, ки аз меҳнат қисса мекунанд
Дастони холаи Шоҳзода аз таъсири офтоб гандумранг гаштаанд. Хатҳои амиқи рӯяш мисли ҷӯйборҳои саҳро аз солҳои тулонии меҳнат қисса мегӯянд. Ӯ солҳои зиёд ҳамчун саҳмдор дар хоҷагии деҳқонии «Ёрмуҳаммад» ба ҳайси бригадири коргарони мавсимӣ фаъолият мекунад.
Ҳарчанд модари ду писару се духтар ва бибии понздаҳ набера аст, саҳро то ҳол бахши ҷудонашавандаи зиндагии ҳаррӯзаи ӯ боқӣ мондааст.
– Баъзеҳо мегӯянд, вақти истироҳатат расидааст, – бо табассум нақл мекунад холаи Шоҳзода.
– Аммо онҳо намедонанд, ки ман маҳз дар саҳро истироҳат мекунам. Агар як рӯз ба замин набароям, худро бемадор ҳис менамоям.
Зан ва замин – пайванди ҷовидона
Ба андешаи қаҳрамони матлаб, кор дар замин танҳо василаи рӯзгузаронӣ нест, балки тарзи зиндагист.
– Вақте миёни зироат мегардам ва мебинам, ки чӣ гуна аз хок сар мекашад, худро ҷавон эҳсос мекунам. Ин мисли тамошои ба камол расидани фарзанд аст, – мегӯяд ӯ.
Дар замоне, ки бархе ҷавонон аз меҳнати саҳро дур шуда, кори осонтар меҷӯянд, Шоҳзода мутмаин аст, ки замин ҳеҷ гоҳ инсонро ноумед намекунад.
– Мо аз заминем ва бояд бо он бошем, – мегӯяд ӯ бо итминон.
Барои ин зани 64-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён ҳосили рӯёнда танҳо маҳсулот нест – ин самари шарафмандонаи меҳнат аст. Вақте мебинад, ки мардум сабзавоти тару тозаро мехаранд, эҳсос менамояд, ки заҳматаш беҳуда набудааст.
– Пул меояд ва меравад, аммо эҳтироми мардум боқӣ мемонад, – таъкид мекунад ӯ.
Обрӯе, ки аз меҳнат сарчашма мегирад
Офтоб баланд мешавад, гармии дохили гармхонаҳо меафзояд, вале холаи Шоҳзода ҳанӯз миёни қаторҳои сабз машғули кор аст. Барои баъзеҳо замин танҳо хок бошад, барои ӯ бошад замин маънии зиндагӣ, обрӯ ва солимист.
То замоне, ки дастонаш неру доранд, ӯ саҳроро тарк нахоҳад кард.
Н. Исо
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
1147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД




