Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз, 7-уми майи соли 2026 дар шаҳри Бохтар дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашнҳои муҳими миллӣ, мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонони солҳои таваллуди 2012–2013 барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Бохтар” бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа раиси шаҳри Бохтар иштирок намуда, зимни суханронӣ иброз дошт, ки рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои наврасону ҷавонон аз самтҳои муҳими сиёсати давлат маҳсуб меёбад. Таъкид гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳо барои тарбияи насли солим, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам месозад.
Ҳамзамон, ба иштирокчиёни мусобиқа барору комёбӣ таманно гардида, онҳо ба дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми рақиб ва расидан ба қуллаҳои баланди варзишӣ ҳидоят карда шуданд.
Дар доираи чорабинӣ паҳлавонони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Темур Раҳимов, Набимуҳаммад Хоркашов ва дигар чеҳраҳои шинохтаи варзиш барои саҳми арзанда дар рушди соҳа ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Мусобиқа дар фазои дӯстиву рақобати солим ҷараён гирифта, ғолибону беҳтарин варзишгарон бо ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар сарфароз гардонида шуданд.

📷: Далер Шарифов
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН