Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
25 июн 00:07Маърифат ва тандурустӣ
Майсара Баротова: «Баногӯшӣ бемории одӣ менамояд, аммо…»
Ҳамеша дар фаслҳои гуногуни сол миёни кӯдакону наврасон бемориҳое сар мезананд, ки сарчашмаи он беэҳтиётию беназоратӣ ва ба ҷойи ба табибон муроҷиат намудан, ба худтабобаткунӣ машғул шудани падару модарон аст. Баногӯшӣ аз бемориҳои хатарноки сироятие мебошад, ки имрӯз миёни кӯдакон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Оид ба омилҳои пайдоиш ва хуруҷи ин беморӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он мухбирамон Махфират Шоимова суҳбате орост бо табиб- сироятшиноси касалиҳои кӯдаконаи КАТС-и шаҳри Бохтар Майсара Баротова.
- Нахуст каме дар бораи сабабу омилҳои пайдоиши ин беморӣ маълумот медодед. - Баногӯшӣ бемории шадиди сироятии вирусӣ буда, ба осебёбии узвҳои ғадудӣ бештар баногӯш, камтар ғадуди зери меъда ва инчунин осебёбии системаи асаби марказӣ (газаки пардаҳои мағзи сар) оварда мерасонад. Манбаи хуруҷи он шахси бемор аст. Вируси сироятии он тавассути роҳҳои болоии нафас ба бадани солим ворид шуда, ба воситаи хун ба ғадудҳои гуногун, оби даҳон, баногӯш, зери меъда, болои гурдаҳо мерасад.
Бо пайдо шудани нишонаи аввалини беморӣ ва 3 – 5 рӯзи аввали гирифторӣ онҳо сироятноканд. Роҳи гузариши ин бемории сироятӣ қатрагӣ –ҳавоӣ буда, ҳангоми атсаву сулфа кардани бемор атрофиёнро сироят мекунад. Аз ин рӯ, дар ҷараёни табобат ва таскинбахшии ғадудҳои оби даҳон ва баногӯш шахси бемор бояд аз бандинаҳои докагии хушку гарм, докаҳои пахтагин ва қабули гармии хушк бо истифодаи нурафкании чароғҳои барқии рефлектордор истифода кард. Зимни табобати бемор дар шароити хона бояд аз гарданбандҳои пашмин истифода бурд. Ба беморони ҳолаташон вазнин ва дарди сарашон сахт бояд аз бандина ё сарбандҳои дар оби хунук таркардашуда истифода бурд.
Мавриди зикр аст, ки ба ин беморӣ бештар кӯдакону наврасони 5-15 -сола гирифтор мешаванд. Аммо баъзан сирояти бемории баногӯшӣ миёни ҷавонони 18-25 - сола низ мушоҳида мешавад. Пешгирии саривақтӣ аз ин беморӣ ва оқибатҳои он аз худи сокинон вобастагӣ дорад.онҳо бояд сари вақт ба мутахассисони соҳаи тиб муроҷиат намоянд.
- Бемории баногӯшӣ чӣ аломатҳо дорад ва барои пешгирию табобати пурраи он чӣ қадар вақт лозим аст?
- Нишонаҳои аввалини беморӣ ин ҳарорати баланд, дарди баногӯш, дард ҳангоми хоидан ва фурӯбарии хӯрок, хушкшавии даҳон, варами баногӯш аст. Дар ин давра пӯсти атрофи баногӯш таранг мешавад, вале ранги пӯст тағйир намеёбад.
Баъд аз 1 ё 2 рӯз ғадуди баногӯшӣ дигар варам намекунад ва ҳангоми молиш додан он қадар дардманд нест. Рӯзи 3- 5- уми беморӣ ҳангоме ки ғадудҳо хеле бузург мегарданд, шунавоӣ суст шуда, дар гӯшҳо ҳар гуна садоҳо пайдо мешаванд.
Бояд гуфт, ки ташхиси баногӯшӣ аз рӯи нишонаҳои варами баногӯшҳо, асаби дутарафаи ғадудҳои баногӯш ва татқиқотҳои лабораторӣ муайян карда мешавад.
Давраи ниҳоии бемории баногӯшӣ аз 11 то 26 рӯз (баъзан 15-20 рӯз) давом мекунад. Барои табобати дуруст ва аз байн бурдани нишонаҳои ин беморӣ мебояд, ки барои маризон шароити алоҳидаи зист фароҳам овард, то ин ки дигар аъзоёни оила ва атрофиён аз вирусҳои хориҷкардаи бемор сироят нашаванд. Муҳлати дар шароити алоҳида нигоҳ доштани бемор на камтар аз 9 рӯзро дар бар мегирад. Дар муассисаҳои кӯдаконае, ки дар он ҷо сирояти баногӯшӣ ба қайд гирифта шудааст, бояд то 21 рӯз карантин эълон карда шавад.
- Ҳангоми гирифтор шудан ба ин бемории сироятӣ бештар кадом узви инсон осеб мебинад?
- Таъсири бемории баногӯшӣ бештар ба осебёбии системаи асаби марказӣ оварда мерасонад, ки нишонаҳои он қариб дар рӯҳияи аксари беморон ба мушоҳида мерасад. Нишонаҳои осебёбии системаи марказии асаб ин дарди сар, вайроншавии реҷаи хоб, зоҳиршавии нишонаҳои сустии менингиалӣ мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо беморони баногӯшӣ дарди шикам, дилбеҳазурӣ, қайкунӣ, беиштиҳоӣ, қабзияти шикам, дарунравиро эҳсос мекунанд, ки ин аломатҳо аз осебёбии ғадуди зери меъда дарак медиҳад.
Бисёр вақт бемории баногӯшӣ хусусияти алангагирӣ дорад. Такроран баланд шудани ҳарорати бадан аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ҷараёни беморӣ дигар узвҳои ғадудӣ ё системаи асаби марказӣ ҳамроҳ гардидаанд.
-Майсара Баротова, дар баъзе намуд бемориҳо пас аз муолиҷа ҳам оризаҳо мушоҳида мешаванд. Оё баъди табобати пурраи баногӯшӣ ҳам ягон аломати оризаҳо дида мешаванд?
Дар ин намуди бемории сироятӣ оризаҳо камтар вомехӯранд. Аммо дар кӯдакони хурдсол дар вақти авҷгирии ин беморӣ нишонаҳои сироятшавии роҳҳои нафаскашӣ, отити катаралӣ, варами шуш, стоматит, газаки пардаи луобии даҳон мушоҳида мешаванд.
Дар мавриди оқибатҳои бемории баногӯшӣ тиби муосир ҳаминро муайян кардааст, ки дар ҳолати гирифтории баногӯшиҳои маъмулӣ ва табобати саривақтии он ягон оризае дар пай нахоҳад дошт. Аммо дар ҳолати орхит, яъне, газакгирии пардаҳои тухмҳуҷайраҳо дар бемор хавфи безурётӣ таҳдид мекунад.
Барои суҳбат ташаккур!
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо


