Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИСТИҚЛОЛ ВА ОБОДКОРӢ
Дар яке аз рӯзҳои охири моҳи гузашта бо зарурате ба ноҳияи Панҷ мерафтем. Роҳи мо тариқи маркази ноҳияи Ҷайҳун – шаҳраки Дӯстӣ мегузашт. Шом медамиду ҳама гирду атрофро пардаи торикӣ печонида мегирифт. Ҳамаи кӯчаҳои марказӣ равшану чароғон. Гулу гулгаштҳо ва манзараҳо шабона зебою дилкаш менамуданд. Дар кӯчаву бозор, марказҳои савдо ва боғи фарҳангӣ – истироҳатӣ сокинон, аз ҷумла кӯдакон бо волидонашон гаштугузор доштанд. Бо як ҷаҳон ифтихору фараҳмандӣ аз он шукрона намудем, ки мардуми азизи кишварамон зиндагии тинҷу осоишта доранду дар фазои сулҳу амонӣ умр ба сар мебаранд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр марказҳои ноҳияҳо ободу зебо гардида, мақоми шаҳраку шаҳрро гирифтанд.
Маркази ноҳияи Ҷайҳун- шаҳраки Дӯстӣ низ тайи солҳои охир тавассути корҳои ободонию созандагиҳо хеле ободу зебо гардида, симои худро ба таври шинохтанашаванда тағйир додааст. Чи тавре ки ба мо иттилоъ доданд, Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ соли 1965 таъсис ёфтаасту имрӯз дар ҳудуди он зиёда аз 20 ҳазор аҳолӣ сукунат доранд. Дар шаҳрак халқияту миллатҳои зиёде-тоҷикон, русҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо зиндагии дӯстона доранду барои ободию рушди босуботи кишвари азизамон паҳлу ба паҳлу истода, меҳнат мекунанд.
Дар маҳалла ва деҳаҳои “Зарнисор”, “Себзор”, “Озодӣ”, “Хайробод”, “Ҳофизи Шерозӣ”, ки ба ҳудуди шаҳрак мутааллиқанд, имрӯзҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Ҳамаи кӯчаҳои марказӣ бо истифода аз маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорон мумфаршу чароғон карда шуданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбату вохӯриҳояшон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои дахлдор дастур медиҳанд, ки бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ дар маркази ноҳияҳо биноҳои истиқоматии баландошёна сохта шаванд. Дар робита ба ин дастур имрӯз дар маркази шаҳраки Дӯстӣ бунёди якчанд бинои истиқоматии миёнаошёна ва баландошёна оғоз гардидааст.
Имрӯз дар маркази шаҳрак 9 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 2 муассисаи томактабӣ, 9 муассисаи фарҳангӣ, 7 муассисаи соҳаи тандурустӣ фаъолияти босамар дошта, пайи хизмат ба аҳолӣ қарор доранд.
Бо роҳандозӣ намудани ташаббусу чорабиниҳои созанда имсол дар мавсими кабудизоркунӣ дар маҳаллу кӯчаҳо ва гулгаштҳои шаҳрак 1752 бех дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва ниҳолҳои ороишӣ, 2358 дона гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.
Тайи 2-3 моҳи охир дар кӯчаи А. Берунӣ бо ташаббуси сокинон ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 300 м2 роҳи пиёдагард ба таври замонавӣ сафолакпӯш карда шуд. Инчунин, дар деҳаи Себзор 0,90 км, дар кӯчаи Суғдӣ ҷамоати шаҳрак 0,45 км, дар деҳаи Зарнисор 0,2 км, дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ҷамоати шаҳрак 2,5 км роҳҳо мумфарш карда шуданд.
Дар кӯчаи А. Ҷабборов бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бинои истиқоматии баландошёна сохта шуд, ки рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Сохтмони бинои истиқоматии баландошёна дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ аз тарафи соҳибкори ноҳия дар арафаи анҷомёбист.
– Имсол дар маркази шаҳрак, дар арафаи ҷашни 28 - солагии Ваҳдати миллӣ бинои нави замонавии маъмурӣ – бинои сеошёнаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Рӯзҳои наздик дар шаҳрак якчанд бинои нави марказҳои хизматрасонӣ ва савдо ба истифода дода мешаванд.
Бо истифодаи ҳамаи шароиту имкониятҳои мавҷуда мо нақша дорем, ки иншооти ҷашниро ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонем ва шаҳракамонро ба як гӯшаи зеботарини кишвар табдил диҳем. Ин аст туҳфаи арзандаву сазовори мо ба ҷашни соҳибистиқлолии кишвари азизамон, – гуфт дар охири суҳбат раиси Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ Сулаймон Носирзода.
Аъзамҷон Бобозода, ноҳияи Ҷайҳун
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



