Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МУБОРИЗА БА КОРРУПСИЯ

Дар кишвари мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати коррупсияро дар ҳар баромаду мулоқоти худ махсусан қайд менамоянд ва муқовимати дастаҷамъонаро бо ин зуҳуроти номатлуб мунтазам таъкид медоранд.
Аз ҷумла, дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат таъкид доштанд: «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем».
Дар партави ин сиёсат Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро муҳайё кардааст ва минбаъд низ вобаста ба рушди босуръати муносибатҳои нав ин иқдом идома дода мешавад.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то давраи қабули Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021 – 2025) дар миқёси кишвар ду маротиба санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2012» ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» қабул карда шуд, ки онҳо аз талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати решакан кардани ин зуҳуроти манфур гувоҳӣ медиҳанд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи барномаҳои мазкур амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат бо коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.
Бо амалӣ намудани талаботи нақшаи чорабиниҳои татбиқи стратегияҳои қаблӣ ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми шаклҳои рафтори коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин амалҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуд.
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021 – 2025) бо назардошти он ки муҳлати амали Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 дар асоси Нақшаи кории Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ба итмом расид, ҷиҳати идома додани амалисозии чорабиниҳо оид ба муқовимат ба коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ карда шуд.
Дар раванди таҳияи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021 – 2030) (минбаъд – Стратегия) сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, таҳлили омори ошкору бақайдгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ оид ба вазъи коррупсия дар кишвар, мониторинги маҷмуии ҳолати иҷрои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионии қабулгардида, инчунин таҷрибаи дигар давлатҳо дар ин самт омӯхта шуда, он бо назардошти талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ мукаммал гардонида шудааст.
Чорабиниҳои дар Стратегия пешбинишуда ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқотҳои илмию амалияи муқовимат ба коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтааст.
Муҳлати амалӣ намудани Стратегия барои давраи то соли 2030 пешбинӣ карда шуда, нақшаи чорабиниҳои татбиқи он ба ду марҳилаи панҷсола, яъне марҳилаи якум барои солҳои 2021 – 2025 ва марҳилаи дуюм, ки дар панҷсолаи дуюм бояд тасдиқ гардад, ҷудо карда шудааст.
Барномаи Стратегия аз 5 боб ва 195 банд иборат буда, боби сеюми он, ки ба самтҳои асосии Стратегия бахшида шудааст, 10 параграф дорад. Дар Стратегияи мазкур мақсад, вазифа ва принсипҳои амалигардонии Стратегия, самтҳои асосӣ, механизми амалигардонӣ, мониторинг ва баҳодиҳии Стратегия оварда шудаанд.
Самтҳои асосии Стратегия асосан ба мукамалгардонии қонунгузории миллӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таҳлили мунтазами вазъи содиршавии ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд, тақвият бахшидани пешгирии коррупсия дар соҳаҳои хизмати давлатӣ, маорифу тандурустӣ, андозу гумрук, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳое, ки фаъолияташон аз нигоҳи коррупсия осебпазир маҳсуб меёбанд, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма дар раванди муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, мукаммалгардонӣ ва ислоҳоти низоми идоракунии назорати давлатии молиявӣ, ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои инсонӣ, муқовимат ба коррупсия тавассути татбиқи чораҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо, тақвият бахшидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар раванди пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, ки ҷиҳати коҳиш ва бартараф намудани коррупсия нақши калидӣ доранд, равона гардидаанд.
Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия бошад, аз 70 банд иборат буда, дар он тибқи механизми амалигардонии Стратегия номгӯи чорабиниҳо, мақсад (натиҷаҳои маъмулӣ)-и дарназардошташуда, муҳлати иҷро, иҷрокунандагон ва маблағгузории он нишон дода шудааст. Чорабиниҳои пешбинишуда тибқи самтҳои асосии Стратегия гурӯҳбандӣ карда шуда, мақсад ва натиҷаҳои чашмдошти дар барнома пешбинишударо пурра дар бар мегирад.
Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тибқи муқаррароти моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани сиёсати давлат дар ин самт ба салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.
Ин меъёр дар сархати якуми моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», ки муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатиро оид ба муқовимат ба коррупсия салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия пешбинӣ кардааст, мушаххас оварда шудааст.
«Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021 – 2025)» ҳамчун санади меъёрӣ – ҳуқуқӣ аҳамияти умумиҳатмӣ дорад.
Асоси ҳуқуқии салоҳияти тасдиқи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, тибқи ин муқаррарот Стратегияи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 дар шакли замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шудааст ва аз ин рӯ, иҷрои он дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти ҳатмӣ дорад.
Ҳамин тариқ, мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
Сайдамирзода Ҷамшед Ҳайдаралӣ, нозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсия дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
ИСТИҚЛОЛ ВА ОБОДКОРӢ 11:41АЗ КИШМИШ ТО “АВАТАР” 11:36МУБОРИЗА БА КОРРУПСИЯ 11:29ТИЛЛОИ БОҒҲОИ ХАТЛОН 13:54ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22
Серхонандаҳо
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН
120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони беморхонаи Кӯлоб барқарор карда шуд
Дар Хатлон 97 км хати нахи нурӣ гузошта шуд
САМАРАИ ТАДБИРҲО ДАР РУШДИ КИТОБДОРӢ
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ
НАЗОРАТИ ҚОНУН ВА МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ХАТЛОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
АЗ ЯК ВАҶАБ ЗАМИН ТО ЯК АНБОР БАРАКАТ:
ХУРОСОН. 174 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД