Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
28 авг 11:36АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод
АЗ КИШМИШ ТО “АВАТАР”
Ва ё чӣ хел навъҳои хушсифату бозоргузари ангурро токпарварони вилояти Хатлон вориду дар парвариши он муваффақ гаштанд?
Исломиддин Очилдиеви токпарвар, аслан сокини шаҳри Турсунзода аст, аммо наздик ба 15 сол аст, ки дар хоҷагии деҳқонии “Муслим”-и ноҳияи Кӯшониён ба ҳайси роҳбари хоҷагӣ кору фаъолият менамояд. Ин хоҷагии деҳқонӣ, яке аз хоҷагиҳои пешқадами ангурпарвари минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба шумор меравад.
– Мо мардуми Турсунзода аксаран дар парвариши ангур таҷрибаи хуб дорем, зеро аз хурдӣ ба ин кор шуғл меварзем, – такя ба донишу таҷрибаи токпарварии худ намуда, бо қаноатмандӣ изҳор медорад қаҳрамони матлаб, ки беш аз 12 сол инҷониб ба минтақаи Бохтар омада, тариқи шартнома ба нигоҳубини дарахтони ангури хоҷагии деҳқонии “Муслим” машғул аст.
Ба нақли ин ангурпарвар ӯ аз моҳи феврал то ба ғундоштану фурӯши ҳосили пухта расидаи ангур дар инҷо мемонад. Баъдан, муддати чанд моҳ дубора ба зодгоҳаш бармегардад. Чун токпарварӣ пешаи авлодӣ барои ӯ ба шумор меравад, дар иҷрои кор мушкиле надорад. Баръакс, бо гузашти вақт навъҳои гуногуни ангурро вориду парвариши онро ба роҳ мондааст, ки “Шоҳона” ва “Аватар” аз ҷумлаи он аст.

АНГУРИ ХУШСИФАТ ВА СЕРХАРИДОР
Ба гуфтаи акои Исломиддин навъи “Аватар” серхаридортарин ангури токзори онҳо ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд ҳоло шумораи ниҳолони он ангуштшумор аст, аммо онҳо ният доранд дар оянда майдони онро бештар гардонанд. Ин навъи ангур дар баробари талаботи хуб доштан, ҳамчунин, ҳосилнокии он фаровон аст.
– “Аватар” навъи ангурест, ки солҳои охир бинобар намуди ҷолиб ва андозаи калону мазаи хосаш дар бозор шуҳрати зиёд касб кардааст, – мегӯяд ин ангурпарвар. – Аслан “Аватар”-ро аксаран ҳамчун ангури рӯйимизӣ мешиносанд. Як хӯшаи ин ангур аз 800 грамм то ба 2 килограм мерасад, ки албатта агар нигоҳубини хуб дошта бошаду дар замини ҳосилхез парвариш гардад.
Бино ба гуфтаи қаҳрамони матлаби мо хусусияти асосии ин навъи ангур дар шакл ва андозаи он аст. Он донаҳои калон ва дарозрӯя дошта, ранги гулобӣ ва арғувонӣ дорад. Тамъу мазаи он ҳам фарқкунанда буда, ширинӣ бо каме туршии сабук омехта шудааст. Яъне ширадору хушхӯр аст.
– Ин ангур пӯсти нисбатан ғафс дошта, барои содирот нигаронида шудааст, – қайд мекунад Исломиддин Очилдиев. – Метавон гуфт, ки ангури навъи “Аватар” махсусан барои содирот ва бозоргонӣ дурага шудааст. Онро баъзан то як ҳафта метавон хушсифат нигоҳ дошт. Ҳатто дарахти он ба бемориҳо ва ҳашароти зараррасон ва гармӣ тобовар аст.
ДАР БОРАИ ХОҶАГӢ
– Хоҷагии деҳқонии “Муслим” дар майдони 23 гектар беш аз 10 навъи ангурро парвариш менамояд, – мегӯяд Ислом Очилдиев. – Дар ин хоҷагӣ аз навъи ангури “Кишмиш” то ба “Шоҳона”-ю “Ҳусайнӣ” ва “Аватар” парвариш меёбад. Самти асосии хоҷагӣ ангурпарварӣ буда, он дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён ҷойгир аст.
Дар воқеъ, “Муслим” аз хоҷагиҳои деҳқонии пешқадами ноҳияи Кӯшониён маҳсуб ёфта, ҳамасола дар баробари таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин, ҳосили токзори хоҷагиро хориҷ аз кишвар ҳам содирот менамояд.
Ба иттилои роҳбари хоҷагӣ, ҳамасола баробари фаро расидани мавсими ҷамъоварии ҳосил беш аз 70 сокини маҳаллӣ ба ҷойи кори муваққатӣ таъмин мегардад.
Низоми Исо
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



