Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СОҲИБВАТАНЕМ
Ватан вожаи ниҳоят арзишманд буда, ватандорӣ як масъулияти ниҳоят муқаддас аст, зеро Ватан ҳастии мост. Шукри Истиқлоли давлатӣ ва пойдориву устувории сулҳу ваҳдати миллӣ, ки имрӯз дар сарзамини аҷдодии мо дар партави сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат суботу осоиштагӣ ҳукмфармо буда, мардуми шарафманди Тоҷикистон дар рӯҳияи саҳмгузорӣ дар корҳои мондагори созандагиву рушду ободонии Ватани азизамон кору зиндагонӣ доранд.
Бо шарофати сарварии хирадмандонаву ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари дурандеш имрӯз Тоҷикистони азиз дар миқёси ҷаҳон ҳамчун сарзамини амну осоишта ва сарсабзу шукуфо шинохта шуда, мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони олам гардидааст. Имрӯз дар ҳар гӯшаи ин диёри биҳиштосо садои рӯдҳои пурхуруш савту садои парандаҳои хушхон ва шодию нишоти кӯдакон танинандоз буда, чеҳраҳои хушбахту нуронии мардумони озодагонаш аз ояндаи дурахшони ин диёри нозанини хуршедӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар ин замони хуррамиҳо, раванди корҳои бузурги ободониҳо, файзу баракати фаровон дар кишварамон ва рӯзгори хушбахтонаву пурсаодати тоҷикистониён ҳар фарди худогоҳ бо дарки масъулияти бузурги ватандорӣ ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳимоят аз арзишҳои муқаддаси миллату ватандориро муҳимтарин рисолати ҳаётии худ медонад. Дар баробари ҳимоят аз арзишҳои муқаддас ва мавқеъгириҳои муҳими шаҳрвандӣ ҷиҳати муқовимат ба падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ва муборизаи беамон бар зидди ҳуҷумҳои идеологияи хатарзо мо, сокинони меҳандӯстро мебояд, ки дар ҷабҳаи таблиғу ташвиқи ғояҳои давлатдорӣ ва идеяҳои пешбарандаи ҷомеа ба сӯи ояндасозиҳо, ҳамзамон муаррифгари хизматҳои шоёни Пешвои маҳбуби миллатамон дар масири Истиқлоли давлатӣ бошем. Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ адибону олимон, таърихнигорон ва пажӯҳишгарон оид ба корномаи таърихсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши бузурги мактаби сиёсии Роҳбари давлат дар тарбияи насли замони Истиқлол садҳо асару матлабҳои таҳлиливу илмӣ нигоштаанд. Биноан, мавриди омӯзиш қарор додани достони давлатдории фарзандони фарзонаи миллат ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши таърихи навини давлатдории мо ва баҳрабардорӣ аз асарҳои мондагори нухбагони миллати тоҷик дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷомеа нақши ниҳоят муҳим дорад. Бахусус, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки ҷомеаи ҷаҳониро хавфу хатарҳои бузург таҳдид менамояд, тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳисси ифтихор аз ҳимояи сарзамини аҷдодӣ дар мадди аввал меистад. Гарчанде, ки аз азал рисолати ҳаётии халқи тоҷик ободгариву шаҳрсозӣ ва кашфиётҳои барои пешрафти башарият муҳиму эҷоди асарҳои ояндасоз ба ҳисоб меравад, ҳамзамон, ғурури миллӣ доштану ҳисси масъулиятшиносӣ дар ҳимояи марзу бум ва омодагии ҷонфидоиҳо дар роҳи Ватан аз хислатҳои ҳамидаи тоҷикон маҳсуб меёбад. Зимнан, омӯзиши таърихи пурифтихору достонҳои шаҳрсозиву ҷонбозиҳои ниёгонамон дар ҳифзи сарзамини аҷдодӣ барои наслҳои имрӯзу ояндаи мо муҳиму ҳатмист. Зеро, дар баробари вазъи мураккабу пуртазоди ҷаҳони муосир, раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳам ҳодисаҳои ахири дар марз рухдода, ҳушдори ҷиддие барои ҳар шаҳрванди худогоҳу соҳибватан аст. Илова бар ин, таҳоҷуми иттилоотӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ, ки кӯшиш доранд ҷавонони моро мағзшӯӣ намоянд, моро водор менамояд, ки дар радифи иттиҳоду омодагӣ дар ҳимояи марзу буми хеш, ҳамзамон, аз лиҳози идеологӣ мусаллаҳ буда, дар муборизаҳои иттилоотӣ ба бадхоҳону бадгӯён посухи сазовор дода тавонем.Зеро барои таъмини ҳимояи марзу буми Ватан дар радифи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ инчунин, таблиғу ташвиқи мавзӯи ватану ватандорӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳисси масъулиятшиносӣ дар ҳимояи ҳар порча хоки муқаддаси сарзамини аҷдодӣ нақши бағоят муҳим мебозад.Тавре, ки шоири миллат фармудааст:
Сарҳад, ки хати муқаддаси ин Ватан аст,
Пас ҳифзи хати муқаддас ин қарзи ман аст.
Дар ҳифзи Ватан матин манам, ҳар нигаҳам,
Ханҷар ба дили ҳазор сарҳадшикан аст.
Латофат МИРЗОСАИДИЁН
Бо шарофати сарварии хирадмандонаву ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари дурандеш имрӯз Тоҷикистони азиз дар миқёси ҷаҳон ҳамчун сарзамини амну осоишта ва сарсабзу шукуфо шинохта шуда, мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони олам гардидааст. Имрӯз дар ҳар гӯшаи ин диёри биҳиштосо садои рӯдҳои пурхуруш савту садои парандаҳои хушхон ва шодию нишоти кӯдакон танинандоз буда, чеҳраҳои хушбахту нуронии мардумони озодагонаш аз ояндаи дурахшони ин диёри нозанини хуршедӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар ин замони хуррамиҳо, раванди корҳои бузурги ободониҳо, файзу баракати фаровон дар кишварамон ва рӯзгори хушбахтонаву пурсаодати тоҷикистониён ҳар фарди худогоҳ бо дарки масъулияти бузурги ватандорӣ ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳимоят аз арзишҳои муқаддаси миллату ватандориро муҳимтарин рисолати ҳаётии худ медонад. Дар баробари ҳимоят аз арзишҳои муқаддас ва мавқеъгириҳои муҳими шаҳрвандӣ ҷиҳати муқовимат ба падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ва муборизаи беамон бар зидди ҳуҷумҳои идеологияи хатарзо мо, сокинони меҳандӯстро мебояд, ки дар ҷабҳаи таблиғу ташвиқи ғояҳои давлатдорӣ ва идеяҳои пешбарандаи ҷомеа ба сӯи ояндасозиҳо, ҳамзамон муаррифгари хизматҳои шоёни Пешвои маҳбуби миллатамон дар масири Истиқлоли давлатӣ бошем. Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ адибону олимон, таърихнигорон ва пажӯҳишгарон оид ба корномаи таърихсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши бузурги мактаби сиёсии Роҳбари давлат дар тарбияи насли замони Истиқлол садҳо асару матлабҳои таҳлиливу илмӣ нигоштаанд. Биноан, мавриди омӯзиш қарор додани достони давлатдории фарзандони фарзонаи миллат ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши таърихи навини давлатдории мо ва баҳрабардорӣ аз асарҳои мондагори нухбагони миллати тоҷик дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷомеа нақши ниҳоят муҳим дорад. Бахусус, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки ҷомеаи ҷаҳониро хавфу хатарҳои бузург таҳдид менамояд, тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳисси ифтихор аз ҳимояи сарзамини аҷдодӣ дар мадди аввал меистад. Гарчанде, ки аз азал рисолати ҳаётии халқи тоҷик ободгариву шаҳрсозӣ ва кашфиётҳои барои пешрафти башарият муҳиму эҷоди асарҳои ояндасоз ба ҳисоб меравад, ҳамзамон, ғурури миллӣ доштану ҳисси масъулиятшиносӣ дар ҳимояи марзу бум ва омодагии ҷонфидоиҳо дар роҳи Ватан аз хислатҳои ҳамидаи тоҷикон маҳсуб меёбад. Зимнан, омӯзиши таърихи пурифтихору достонҳои шаҳрсозиву ҷонбозиҳои ниёгонамон дар ҳифзи сарзамини аҷдодӣ барои наслҳои имрӯзу ояндаи мо муҳиму ҳатмист. Зеро, дар баробари вазъи мураккабу пуртазоди ҷаҳони муосир, раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳам ҳодисаҳои ахири дар марз рухдода, ҳушдори ҷиддие барои ҳар шаҳрванди худогоҳу соҳибватан аст. Илова бар ин, таҳоҷуми иттилоотӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ, ки кӯшиш доранд ҷавонони моро мағзшӯӣ намоянд, моро водор менамояд, ки дар радифи иттиҳоду омодагӣ дар ҳимояи марзу буми хеш, ҳамзамон, аз лиҳози идеологӣ мусаллаҳ буда, дар муборизаҳои иттилоотӣ ба бадхоҳону бадгӯён посухи сазовор дода тавонем.Зеро барои таъмини ҳимояи марзу буми Ватан дар радифи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ инчунин, таблиғу ташвиқи мавзӯи ватану ватандорӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳисси масъулиятшиносӣ дар ҳимояи ҳар порча хоки муқаддаси сарзамини аҷдодӣ нақши бағоят муҳим мебозад.Тавре, ки шоири миллат фармудааст: Сарҳад, ки хати муқаддаси ин Ватан аст,
Пас ҳифзи хати муқаддас ин қарзи ман аст.
Дар ҳифзи Ватан матин манам, ҳар нигаҳам,
Ханҷар ба дили ҳазор сарҳадшикан аст.
Латофат МИРЗОСАИДИЁН
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР
ШАРАФ БА ПЕШВО


