Бойгонӣ
20 мар 14:53Шеъру адаб

ТАНӮРИ ЛОЛА

Наврӯзи куҳан тозаҷавон омадааст,

Бар мулки азизи бехазон омадааст.

Саҳро зи дурахши лолаҳо мавҷ занад,

Бо чодари сабзи гулфишон омадааст.

Монанд ба кулчаҳои гарми модар,

Ҳар лола ба рӯи арғувон омадааст.

Аз баъди хазону фасли сармо имрӯз,

Гулпераҳане чу армуғон омадааст.

Бо куртаи гулдӯзии нақши чаканаш,

Гулрез  ба базми ошиқон омадааст.

Аз чаҳ чаҳи булбулу ҳавои форам,

Шодӣ ба дили хурду калон омадааст.

Бикшода бағал ба халқ Наврӯзи Аҷам,

Чун шоли ҳариру парниён омадааст.

Анвои гулу гиёҳ бар домани шаҳр,

Аз дашту даман ба ин макон омадааст.

Рӯзу шаби мо ба ҳам баробар гардад,

Тақвими ниё бар ин нишон омадааст.

Аз гиряи абру хандаҳои хуршед,

Рангиншафақе бар осмон омадааст.

Аслу насаби баҳору Наврӯз ин ҷост,

Бар меҳани худ зи бостон омадааст.

Бо ғайрати Пешво ҷаҳонгир шуда,

Аз сайру сайёҳати ҷаҳон омадааст.

Бинвишт Баёзӣ ғазали наврӯзӣ,

Сеҳри қаламаш зи мағзи ҷон омадааст.

БАЁЗӢ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019