ШИРИНИИ ИДОНА

   Хамири тайёр (Слоённое тесто) - 500 грамм

   Сафедии тухм -  2 дона

   Шакар - 0,5 истакон

   Кислотаи лимӯ - 0,5 қошуқча

   Шоколад ва хокаи шакар мувофиқи тамъ


Хамири яхкардашударо то мулоим шуданаш нигоҳ медорем ва сипас ба 10 хат људо мекунем. Ҳар хати буридаро ба қолаби шакли луламонанд печонида муддати 20-25 дақиқа мепазем. Сафедии тухмро бо кислотаи лимӯ лат зада, каме дар болои буғ нигоҳ медорем ва ба он шакар илова карда, то шакар об ва ғафс шудан лат мезанем. Дар охир ба халтачаҳои ороишӣ кремро андохта ба дохили лулачаҳо мисли гул оро медиҳем.

    Сипас аз болои крем шоколади майдакардашударо мегузорем ва пас аз дар лаълӣ чидан ба болояш хокаи шакар мепошем.
Добавить комментарий