«ТӮБЧАҲО»-И БИРИНҶӢ
Панир -100 гр
Тухм - 2 дона
Кӯфтаҳои нони хушк -250 гр
Равғани зайтун - 1 истакон
Биринҷро мепазем ва то хунук шуданаш мегузорем. Аз биринҷи пухташуда «тӯбчаҳо» месозем ва дар дохили он панирро ҷой мекунем. Тӯбчаҳои биринҷиро ба тухм сипас, ба кӯфтаи нони хушк тар карда, ба равғани зайтун муддати 3-5 дақиқа бирён кунед.
Ин таомро дар ҳолати гармӣ пешниҳод мекунем.