Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲАНД
Имрӯз қалби боз як модар шод шуд.


Тавре мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода дар саҳифаи фейсбукии хеш иттилоъ додааст аз назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон модаре бо фарзанди маъюбаш дар бағал мегузашт. Роҳбари вилоят, ки дар ҳавлии бино роҳ мерафт, ин занро мушоҳида карда, аз ҳолаш пурсон шуд.
Шаҳрванд Сайёра Ҳамроева сокини деҳаи Суғдиёни Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш мебошад. Фарзанди 11-солаи ӯ Шукрона Ҳамроева мубталои бемори фалаҷ ва нобиноист.
Худи ҳамин рӯз барои Шукрона аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд.
Сайёра Ҳамроева аз кумаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки новобаста ба он ки муроҷиат накардааст, изҳори шодиву миннатдорӣ намуд.
Қобили зикр аст, ки чунин кумакҳои иҷтимоӣ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода пайваста ба қишри ниёзманди аҳолӣ расонида мешавад.
Бо ибтикори Қурбон Ҳакимзода ду аксия - иқдоми вилоятӣ таҳти унвони "Ниёзмандонро сарпаноҳ мешавем" ва "Дар таъмини амнияти оузақвории оилаҳои камбизоат саҳм мегирем" амалӣ шуда истодааст. Дар доираи ин иқдомҳо ба эҳтиёҷмандон мунтазам кумакҳои иҷтимоӣ расонида мешавад.
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


