27 апр 12:29Ахбор / Маориф

КИТОБДОРОН НИЗ ДАР ОЗМУН ФАЪОЛАНД

    Дар Муассисаи давлатии китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни кормандони муассиса баргузор гардид, ки дар он 20 нафар китобдорон иштирок намуданд.

Зимни озмун гуфта шуд, ки кормандони китобхона бояд пеш аз ҳама худашон китобхон, дорои фарҳанги баланди хизматрасонӣ ба хонандагон бошанд, то тавонанд дар тарғибу ташвиқи илму адаб саҳм гузоранд. 

Тибқи тартиби озмун кормандони китобхона дар назди ҳайати ҳакамон, дар он шоирону нависандагон, адабиётшиносону забондонон шомил буданд, оид ба асарҳои мутолианамудаашон маълумот дода, аз осори пурғановати адибони адабиёти классику муосир ва ҷаҳон шеъру ғазалҳо хонда, аз лаҳзаҳои ҷолиби ҳикояву достон, повесту романҳои нависандагон нақл карданд. 

     Ҳайати ҳакамон ба донишу маҳорати суханварии иштирокчиён баҳо дода, ба онҳо мутолиаи асарҳои тозанашри бадеиро тавсия доданд. Довталабон озмун бештар доир ба мавзӯъҳои инсондӯстӣ, хайру саховат, некию накӯкорӣ, ишқи поки инсонӣ, дӯстию бародарӣ ва ватану меҳанпарастӣ аз ашъори бузургон шеърҳо қироат намуданд. 

Кормандони китобхонаи вилоятии шаҳри Бохтар имрӯзҳо ба даврҳои минбаъдаи озмун омодагӣ дида истодаанд. Онҳо мегӯянд, ки осори адабиёти классикӣ, муосир, хориҷӣ, бачагона ва намунаҳои эҷодиёти халқро мутолиа намуда, ба хонандагон тавсиа медиҳанд. 

Ба гуфтаи китобдорон озмуни имсолаи “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” доираи васеи иштирокчиёнро фаро мегирад. Зеро аз ҳоло теъдоди аъзоёни китобхона зиёд гашта, дар баробари наврасону ҷавонон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳо низ миёни ҳам рақобати зеҳнӣ намуда истодаанд.  


Амонулло БАХТИЁРЗОДА
Добавить комментарий